«Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» ҳуқуқи кӯдакони маъюбро ба таҳсилоти босифат таъмин месозад
ДУШАНБЕ, 07.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш ҷиҳати муаррифии Лоиҳаи «Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва Воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Раҷабмо Ҳабибуллозода зикр кард, ки дар низоми мақомоти давлатӣ бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис додани ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар самти таъмини эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак пешравии назаррас аст.
Таҳияи Лоиҳаи «Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» бо мақсади боз ҳам ташаккул додани фаъолияти ин мақомот ва риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак нигаронида шудааст.
Сипас, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак А. Содиқов Лоиҳаи мазкурро барои иштирокдорони ҳамоиш муаррифӣ намуд.
А. Содиқов зикр кард, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ин Стратегия ба самти ҳуқуқи кӯдакони маъюб ба таҳсилоти босифат афзалияти бештар дода, ҳадафи асосиро мусоидат ба пешниҳоди ҳамаҷонибаи хизматрасониҳо ва ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ҷиҳати ба кӯдакони маъюб тақдим намудани таҳсилоти босифат арзёбӣ намудааст.
Стратегияи мазкур аз муқаддима ва 2 боб иборат буда, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда Нақшаи амал барои солҳои 2018-2020 тарҳрезӣ шуда, дар он чорабиниҳои мушаххас барои соли 2018 ҷой дода шудааст.
Баъди муаррифии Лоиҳаи Стратегияи мазкур намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ фикру андешаи худро доир ба он баён намуда, ҷиҳати мукаммалгардониии ин Лоиҳа таклифу пешниҳод намуданд.
Раҷабмо Ҳабибуллозода ба иштирокдорон барои пешниҳодҳои муфид изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки фикру дархостҳои созандаи онҳо ҷиҳати мукаммалгардонии Стратегияи мазкур ҳатман ба инобат гирифта мешавад.
Номбурда ҳамчунин таъкид кард, ки амалишавии Стратегияи мазкур дар таҳкими ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар ҷумҳурӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи кӯдак мусоидат хоҳад кард.








13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






