Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд
ДУШАНБЕ, 22.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз гуфтугӯи телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд баргузор гардид.
Сарварони ду кишвари дӯст ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатии Тоҷикистону Арабистони Саудиро баррасӣ намуда, минбаъд низ ҳамоҳанг сохтани саъю талошҳои ҷонибҳоро баҳри рушду густариши минбаъдаи онҳо таъкид карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ ҳамчунин ба масоили мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, атрофи вазъи имрӯзаи нигаронкунанда дар Ховари Миёна, аз ҷумла дар минтақаи Халиҷ, мубодилаи афкор анҷом доданд.
Дар ин робита ҷонибҳо оид ба мавзӯи таъмини амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ ва дигар шаклҳои ҷинояткории фаромарзӣ ибрози назар намуданд.
Дар хотимаи суҳбат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд ҷиҳати анҷом додани боздиди расмӣ аз Тоҷикистон дар замони ed-pills24.com муносиб даъват ба амал оварданд.
Гуфтугӯи телефонӣ дар фазои самимӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.








Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд






