Суғд: аз аввали сол дар кӯлу дарёҳо 21 нафар ғарқ шудаанд

Июль 14, 2017 16:05

ХУҶАНД, 14.07.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи аввали соли равон дар кӯлу дарёҳо ва обанборҳои вилояти Суғд 36 ҳолати ғарқшавӣ ба қайд гирифта шуда, бо саривақт хабардор намудан 15 нафар наҷот дода шуда, ҷасади 21 нафар аз об бароварда шудааст, ки ин рақам нисбат ба шашмоҳаи аввали соли гузашта   9 нафар ғарқшуда зиёд мебошад. Ин матлаб дирӯз зимни нишасти матбуотии Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд иттилоъ дода шуд.

Ҳамчунин аз оғози соли равон то имрӯз дар ҳудуди вилояти Суғд 328 ҳодисаҳои фавқулодаи дорои хусусияти гуногун дошта ба қайд гирифта шудаанд, ки дар натиҷаи онҳо  75 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расиданд. Маблағи умумии зарари расида бошад ба 2 млн. 270 ҳазор сомонӣ баробар мебошад.

Баҳри таҳти назорат қарор додани мавзеъҳои хавфноки шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби масъулин ситоди ҳолатҳои фавқулода рӯйхати мавзеъҳои хавфноки шимоли кишвар тартиб дода шудааст, ки он 293 мавзеъро дарбар мегирад.

Июль 14, 2017 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид