Таҷдиди НБО «Қайроққум» тирамоҳи соли равон оғоз мегардад

Июль 20, 2017 16:14

ХУҶАНД, 20.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Қарор аст, ки таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» аз моҳи сентябри соли равон оғоз гардида, то соли 2022  даидома меёбад. Корҳои таъмиру таҷдид дар ду марҳила амалӣ шуда, он аз тарафи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ва Бонки инвестисионии Аврупо  (БИА) маблағгузорӣ хоҳанд гардид. Доир ба ин масъала ва паҳлуҳои дигари фаъолияти ин Неругоҳ масъулини Шабакаҳои барқии вилояти Суғд зимни  як нишасти хабарӣ иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи роҳбарияти ШБВС Тӯра Атамов, асосноккунии техникиву иқтисодии ин лоиҳа аз тарафи ширкати мушовири австриягӣ «1C consulenten» иҷро гардида, мувофиқи он таҷдид дар ду марҳила амалӣ мешавад. Дар давраи аввал аз шаш агрегати то имрӯз  фаъол ивази ду агрегат ба нақша гирифта шуда, маблағи корҳои иҷрошаванда  75,7 млн. доллари  ИМА-ро ташил хоҳад дод. Марҳилаи дуввум бошад, чор агрегат ва таҷҳизоти ёрирасонро дар бар мегирад. Маблағи умумии лоиҳа 170 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, он имкон медиҳад, то истеҳсоли неруи барқ дар НБО «Қайроққум» то 38% зиёд гардида, иқдидори он  аз 126 ҳазор кВт.соат то ба 174 ҳазор кВт.соат расонида шавад.

Ба иттилои масъулин, дар нимсолаи аввали соли равон дар НБО «Қайроққум» 471,9 млн.кВт.соат энергияи барқ истеҳсол гардида, қабули умумии энергияи барқи истифодагардида зиёда аз 2,13 млрд.кВт. соатро ташкил додааст, ки 1,84 млрд.кВт.соати он энергияи барқи фоиданоки истифодабурда ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин дар ин давра дар Неругоҳ таъмири ҷории 4 гидрогенератор, трансформаторҳои қуввагӣ, таҷҳизоти асосии барқӣ, насосҳои технологию обёрӣ ва кранҳои борбардор гузаронида шуданд.

Бояд гуфт, ки нақшаи сохтмони НБО «Қайроққум» ҳанӯз солҳои 1940 таҳррезӣ шуда, он соли 1957 ба истифода дода шудааст. Дар  муддати  61 соли корӣ аксари таҷҳизоти он куҳнаву таъмирталаб ҳам  шудаанд.  Дар айни ҳол  системаи энергетикии вилояти Суғдро шаш шабакаи барқии минтақавӣ, ки   18 шабакаи шаҳру ноҳиявиро дар бар мегирад, ҳамчунин Неругоҳи барқии обии «Қайроққум» ташкил медиҳанд.

 

Июль 20, 2017 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад