ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 17 июл, душанбе, 198-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 167 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Июль 17, 2017 11:25

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша    

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

17 июли соли 1992 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон равобити дипломатӣ барқарор карда шудааст, ки соли равон аз ин рӯйдод 25 сол сипарӣ гардид.

***

17 июли соли 2009  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ба итмом расидани сафари расмӣ дар Миср барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои ИДМ ба Федератсияи Россия сафар карданд.

***

 17 июли соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон Директори кабири Шӯрои амнияти миллии Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба Россия ва АвруОсиё Эллис Уэллсро ба ҳузур пазируфта буданд. «Тоҷикистон Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро яке аз шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонад ва ба тавсеаи ҳарчи бештари ҳамёрӣ бо он ҳавасманд аст», — изҳор дошта буданд дар оғози суҳбат Сарвари давлат.

***

4 сол пеш, дар ин рӯзи соли 2013 Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари дастгоҳи Президенти Бонки ҷаҳонӣ Лаура Фриҷентиро ба ҳузур пазируфта буданд. Зимни суҳбат ба бахшҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, аз ҷумла вобаста ба тағйирёбии иқлим, таъмини дастрасии кофӣ ба об ва неруи барқ, дастгирии амнияти озуқаворӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмӯъ ба беҳсозии сатҳи зиндагии мардум таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида буд.

17 ИЮЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии адолати судӣ-ҷиноятии байналмилалӣ.

***

Дар Россия – Рӯзи таъсисёбии қувваҳои баҳрӣ- флоти ҳарбӣ- баҳрӣ.

***

Дар Кореяи Ҷанубӣ- Рӯзи Конститутсия.

***

Дар Японияи – Рӯзи баҳр.

***

Дар Ироқ- Рӯзи инқилоб.

***

Дар Лесото – Рӯзи шоҳ.

 РӮЙДОДҲО:

 17 июли соли 2009 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин ҷаласаи идораи татбиқи Барномаи «Рушди фазои соҳибкорӣ – 200 рӯзи ислоҳот» баргузор гардида буд.

***

176 сол муқаддам, 17 июли соли 1841 аввалин шумораи рӯзномаи ҳаҷвии англисии «Панҷ» ба нашр расидааст.

***

Дар ин рӯзи соли 1976 Бозиҳои XXI тобистона дар Канада оғоз гардидаанд.

***

Инчунин 17 июли соли 1995 Иттиҳоди Аврупо бо Россия шартномаи тиҷоратӣ бастааст.

***

Дар ин рӯзи соли 1915 Германия ва Австрия бо Булғория оид ба ҳамкорӣ паймони пинҳонӣ бастаанд.

***

17 июли соли 2013 маросими пӯшидашавии Мусобиқаи XXVII (Универсиада) байналмилалии тобистона дар Қазон доир гардидааст.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1775 дар ИМА аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон беморхонаи ҳарбӣ таъсис дода шудааст.

***

Соли 1994 Бразилия маротибаи чорум Чемпиони ҷаҳон оид ба футбол шудааст.

 

Июль 17, 2017 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш