ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, душанбе, 320-умин рӯзи соли 2026 аст
16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
***
16 ноябри соли 2009 дар ҷараёни машварати корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки саҳмияҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳарчи зудтар омода шаванд, то аз рӯзҳои аввали соли 2010 онҳо барои ҷалби сармояи иловагӣ ба сохтмони ин иншооти тақдирсоз ба фурӯш бароварда шаванд.
***
14 сол пеш, 16 ноябри соли 2012 бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Кохи Борбад»-и пойтахт бахшида ба 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ботантана баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 маросими ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ намудани роҳбари навинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукуҳи хосса доир шуд.
***
16 ноябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварда, ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср, ки ба рушду тараққиёти мамлакат мусоидат менамояд, оғоз бахшиданд.
***
16 ноябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар чорабинии тантанавӣ ва ҷамъомади идона ба ифтихори ҷашни 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
16 ноябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон дар Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
16 ноябри соли 2023 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.
16 НОЯБР:
Рӯзи байналмилалии таҳаммулпазирӣ.
***
Дар Тоҷикистон – Рӯзи Президент.
***
Дар Русия – Рӯзи самбочиён.
***
Дар Украина – Рӯзи кормандони радио, телевизион ва алоқа.
РӮЙДОДҲО:
Дар ин рӯзи соли 2014 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Фонди эҳсонгари Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ гардид.
***
16 ноябри соли 2016 аввалин маротиба дар Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд.
***
16 ноябри соли 2019 дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ доир гардид.
***
16 ноябри соли 2021 дар Корхонаи воҳиди давлатии Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии телевизиони мусиқии Тоҷикистон «Шаҳнавоз» баргузор гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1906 дар Англия авввалин камера ихтироъ гардид.
***
Соли 1933 байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва собиқ Иттиҳоди Шуравӣ муносибати дипломатӣ барқарор карда шуд.
***
Соли 1946 дар Париж Шурои байналмилалии осорхонаҳо таъсис ёфт.
***
Соли 1966 астрономҳо пурқувваттарин борони ситораҳоро дар таърих мушоҳида ва сабт карданд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Юсуфшо Ёқубов — доктори илми таърих (1988), профессор. Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991), узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017). Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1999), академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017).








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, якшанбе, 319-умин рӯзи соли 2026 аст






