ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 ноябр, ҷумъа, 317-умин рӯзи соли 2026 аст
13 ноябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, ширкатҳои машваратӣ, Сарвазири кишвар ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҷаласаи машваратӣ доир намуда, дар он масоили вобаста ба вазъи корҳои таҳқиқотии асосноккунии техникию иқтисодӣ ва баҳодиҳии таъсири экологию иҷтимоии лоиҳаи бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро баррасӣ намуданд.
***
13 ноябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорвои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Анко-Инвест», бинои маркази хизматрасонии «Шоҳ», корхонаи коркарди шишаи сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шишасохтмон», фабрикаи парандапарварӣ, маркази саломатӣ, гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ММК Агро» ва дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат»-и ин ноҳия сардхонаи наву замонавиро ба истифода доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сиву як қонун имзо гузоштанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои маданӣ, мурофиавии иқтисодӣ, ҳуқуқвайронкуии маъмурӣ, «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи сайёҳӣ», «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» аз ин ҷумла мебошанд.
***
13 ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Ҷумҳурии Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Беларус Наталя Кочанова ва Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд.
13 НОЯБР:
Рӯзи байналмилалии нобиноён
***
Рӯзи байналмилалии накӯкорӣ.
***
Дар Русия — Рӯзи қӯшунҳои радиатсионӣ, химиявӣ ва биологӣ.
РӮЙДОДҲО:
13 ноябри соли 1932 дар Тоҷикистон расадхонаи астрономӣ таъсис дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2008 дар Тоҷикистон сомонаи иттилоотии «Помир Медиа» www.pamir-media.tj таъсис дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 паҳлавони тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия дар вазни 74 кило соҳиби ҷои аввал ва унвони чемпиони ҷаҳон гардид.
***
13 ноябри соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаи нави телевизионии мусиқии «Шаҳнавоз» ба фаъолият оғоз намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар самти ҳолатҳои фавқулода созишнома ба имзо расониданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1851 байни Лондон ва Париж фаъолияти телеграфӣ оғоз гардид.
***
Соли 1945 Панама ва Эфиопия ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуданд.
***
Соли 1993 дар Африқои Ҷанубӣ созишнома дар бораи маҳдуд кардани интихобкунандагон бекор карда шуд.
***
Соли 1997 дар Ҳиндустон галстуки дарозтарин дар таърихи ҷаҳон бароварда шуд, ки 80 метру 47 сантиметр дарозӣ дошт.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, панҷшанбе, 316-умин рӯзи соли 2026 аст






