ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 ноябр, сешанбе, 314-умин рӯзи соли 2026 аст

Ноябрь 10, 2026 08:00

10 ноябри соли 2014 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи милитсияи тоҷик ба 50 хизматчии сохторҳои зертобеи Вазорати корҳои дохилӣ калиди манзили доимии истиқоматӣ тақдим шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Раҳмон Набиеви шаҳри Душанбе бинои баландошёнаи истиқоматиро барои кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба истифода доданд.

***

10 ноябри соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе аз Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин боздид ба амал оварданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

***

10 ноябри соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба тариқи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

10 ноябр соли 2021  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар паради ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

10 ноябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3, Маркази ташхисию табобатии «Ҳоким»,  марҳилаи якуми корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баҳори пурфайз»-ро мавриди истифода қарор доданд. Инчунин Сарвари давлат дар деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат бо ҷараёни навсозии роҳҳои маҳаллӣ шинос гардида, дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромит аз ҳавзҳои моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баҳор» боздид намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик якчанд иншооти нави соҳаро баъди бунёду навсозӣ ифтитоҳ намуда, бо маҳсулоти хоҷагиҳои ёрирасони назди Вазорати корҳои дохилӣ шинос шуданд.

***

10 ноябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши муштараки изтирории арабию исломӣ вориди шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ шуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ин ҳамоиш бо Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ мулоқот намуданд.

10 НОЯБР:

Рӯзи байналмилалии илм барои сулҳ ва рушд.

***

Рӯзи байналмилалии муҳосибот.

***

Рӯзи ҷаҳонии ҷавонон.

***

Дар Тоҷикистон – Рӯзи милитсия.

***

Дар Қирғизистон – Рӯзи илм.

РӮЙДОДҲО:

10 ноябри соли 1961 шаҳри Сталинобод ба шаҳри Душанбе тағйири ном кард.

***

10 ноябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шурои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 масоили мубрами ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои энергетика, сохтмони хатҳои интиқоли неруи барқ ва сарҳадҳо муҳокима гардид.

***

10 ноябри соли 2017 Конфедератсияи футболи Осиё ба Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар робита ба муваффақона гузаронидани бозии Ҷоми КФО-2017 раҳматнома фиристод.

***

10 ноябри соли 2018 дар Чин ҷавонони Тоҷикистон дар ҷаласаи Ассамблеяи ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм иштирок намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе аввалин фестивали «Оши палав» доир шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1775 флоти ҳарбии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъсис дода шуд.

***

Соли 1937 дар Бразилия табаддулоти давлатӣ ба вуқӯъ пайваст.

***

Соли 1945 Федератсияи байналмилалии демократии ҷавонон таъсис ёфт.

***

Соли 1957 дар Лос-Анҷелес рекорди қатъии иштироки мухлисон дар бозии футбол гузошта шуд –  бозиро 102 ҳазору 368 нафар мухлисӣ карданд.

***

Соли 1997 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аввалин маротиба ҳукми суд дар интернет паҳн гардид.

Ноябрь 10, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш