ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 ноябр, шанбе, 318-умин рӯзи соли 2026 аст

Ноябрь 14, 2026 08:00

14 ноябри соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи  соли 2018 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ба фаъолият оғоз намудани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба беш аз 100 нафар мутахассисони касбу кори гуногуни арсаи нангу номус мукофоти давлатӣ супориданд.

***

14 ноябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни сохтмон дар Майдони «Истиқлол» шинос шуда, зимни маъракаи ниҳолшинонӣ дар як гӯшаи боғ ниҳоли дарахти нодири секвойяро шинониданд.

***

14 ноябри соли 2022 дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Деваштич Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хати оби нӯшокӣ, Қасри варзишии «Паҳлавонони суғдӣ», коргоҳи қолинбофии «Субҳия», коргоҳи коркард, банду басти хуч ва намудҳои пину (қурут)-и Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Меваҳои Ҳазорчашма», майдони болопӯшидаи варзишӣ, бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 ва Маҷмааи хизматрасонии «Малика»-ро  ифтитоҳ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Обшорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави муассисаи томактабии №14 бо номи «Ситораҳои дурахшон», Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 40, Муассисаи таълимии давлатии «Литсейи рақами 1», Нишони давлатӣ ва бинои Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуровро мавриди истифода қарор доданд.

***

14 ноябри соли 2025 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфтанд. Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар чаҳорчӯби шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ муҳокима гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2025 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои иштирок дар кори ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳод ба Тоҷикистон омада буданд, ба ҳузур пазируфтанд.

14 НОЯБР:

Рӯзи байналмилалии мубориза бо диабети қанд.

***

Рӯзи байналмилалии логопед.

***

Дар Русия – Рӯзи ҷомеашиносон.

***

Дар Беларус – Рӯзи оҳангарон.

РӮЙДОДҲО:

Дар ин рӯзи соли 2001 аввалин маротиба яке аз бонкҳои Тоҷикистон дар ҳаҷми 500 ҳазор доллари амрикоӣ сармояи Ташкилоти молиявии байналмилалиро ба даст овард.

***

20 сол пеш, 14 ноябри соли 2006 дар шаҳри Душанбе намояндагии ширкати «Alcatel» ифтитоҳ гардид.

***

14 ноябри соли 2014 масъалаҳои парламентӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, саноатӣ ва илмиву фарҳангии Тоҷикистон ва Русия муҳокима шуданд.

***

14 ноябри соли 2017 дар Тоҷикистон таҳти унвони «Дӯстӣ ба хотири оянда» фестивали кинои Корея-2017 доир гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1885  Сербия бо Булғористон ҷанг эълон намуд.

***

Соли 1900  Сенати Фаронса ба занон иҷозати дар адвокатура кор карданро дод.

***

Соли 1947 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи зери назорати Комиссияи муваққатии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Корея баргузор намудани интихоботи умумӣ дар ин кишвар қарор қабул намуд.

***

Соли 1990  Полша ва Олмон дар бораи эътироф намудани сарҳади давлатӣ созишнома ба имзо расониданд.

***

Соли 2000  бунёдгузори ширкати Microsoft Билл Гейтс барои мубориза бо ВНМО (СПИД) ба Нигерия 25 миллион доллар ҷудо намуд.

Ноябрь 14, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш