Тоҷиддин Асомиддинзода: «Агар инсон донишу фаҳмиши саҳеҳ дошта бошад, мафкураи ӯро ба самти бегона бурдан ғайри имкон хоҳад буд»
ДУШАНБЕ, 21.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва пайвастшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва тундгаро мебошад. Дар ин бора Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Тоҷиддин Асомиддинзода имрӯз, 21 июл, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Номбурда зикр кард: «Бо таваҷҷуҳ ба он, ки дар Донишкада ҷараёни таълим дар асоси мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ ба роҳ монда шудааст, омӯзгорони он аз донишмандони сатҳи баланди соҳа ба ҳисоб мераванд, ки дар нишон додани фарҳанги дурусти диндорӣ, маънидод кардани далелҳои саҳеҳ ва шарҳ додани онҳо барои ҷавонон ва омма саҳм мегузоранд».
Тоҷиддин Асомиддинзода инчунин баён дошт, ки Донишкада яке аз ҳалқаҳои устувори таълим ва тарбия дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар таълиму тарбияи насли наврас ва тайёр намудани кадрҳои баланихтисоси соҳавӣ саҳми назаррас мегузорад.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, тайи чанд соли охир ҷавононе, ки саводи кофии динӣ ва дунявӣ надоранд, аз ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла аз Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни ифротӣ шомил шуда, боиси нигаронии зиёди аҳли ҷомеа гардидаанд.
Муовини Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Искандаршо Умарзода дар ин маврид гуфт: «Аз Донишкадаи исломии Тоҷикистон ягон нафар то ба имрӯз ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил нашудааст. Баҳри пешгирии ин падида Донишкада дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам конференсияву вохӯриҳои судмандро доир мекунад».
«Асоси гаравиши як инсон ба як самт, пеш аз ҳама, боварӣ ва эътиқоди ӯ мебошад. Ин боварӣ ва эътиқоди солим дар ҳоле ба миён меояд, ки ин ё он шахс ба саволҳои худ аз ҷониби устодон посухи мушаххас бигирад ва аз он қонеъ гардад. Агар инсон донишу фаҳмиши саҳеҳ дошта бошад, мафкураи ӯро ба самти бегона бурдан ғайриимкон хоҳад буд»,-гуфт Тоҷиддин Асомиддинзода.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






