«Тоҷикматлубот» дар Душанбе барои нигоҳдории 3000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ анбор бунёд мекунад

Июль 20, 2017 14:54

ДУШАНБЕ, 20.07.2017 / АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо мақсади таъмин намудани аҳолии пойтахт бо маводи озуқа ва пешгирии болоравии нархҳо дар бозори истеъмолӣ   дар шаҳри Душанбе мунтазам ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида мешаванд. Дар ин бора Раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Ҳусайн Идиев имрӯз, 20 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Номбурда иброз дошт: «Дар маҳаллаҳои шаҳри Душанбе бо мошинҳои махсуси боркашонӣ ҳамарӯза савдои сайёри маҳсулоти кишоварзӣ ва анвои дигар маводи ғизоӣ ба роҳ монда шудааст. Инчунин бо мақсади дар фасли тирамоҳу зимистон таъмин намудани аҳолии пойтахт бо маҳсулоти кишоварзӣ дар ояндаи наздик бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои  нигоҳдории 3000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва молҳои талаботи аввалиндараҷа як анбор сохта ба истифода дода мешавад».

Тавре маълум аст, тайи чанд моҳи охир дар ҳудуди шаҳри Душанбе майдончаҳои нави варзишӣ ва бозии кӯдакона ба таври замонавӣ сохта ба истифода дода шуда истодаанд, ки барои оммавӣ гардонидани варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мусоидат хоҳанд кард.

Дар ин маврид Раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» иброз намуд: «Иттифоқи «Тоҷикматлубот»  дар маҳаллаи «Сабзазор»-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сохтмони майдончаи варзишӣ ва бозии кўдаконро ба анҷом расонидааст, ки 22 июл ба истифода дода мешавад».

Яке аз самтҳои асосии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- ин бо ҷойи кори шоиста ва доимӣ таъмин намудани аҳолии мамлакат мебошад. Дар ин самт Сарвари давлат пайваста ба масъулини соҳаҳои мухталифи мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

«Дар шашмоҳаи аввали соли 2017 дар  соҳаи кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ барои 72 нафар  ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда шуд. Инчунин донишҷӯёне, ки барои гузаштани таҷрибаомӯзӣ ба «Тоҷикматлубот» меоянд, пас аз итмоми таҷрибаомӯзӣ бо хоҳиши худ ба кор ҷалб карда мешаванд, ки ин раванд дар Соли ҷавонон  имконияти хубе барои онҳо хоҳад буд»,- иброз дошт Ҳусайн Идиев.

Июль 20, 2017 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид