Умеда Воҳидзода: «Ба истифода додани 4 муассисаи таълимӣ боиси таъмини 1780 нафар хонандагон бо ҷойи нишаст гардид»

Июль 25, 2017 10:52

ДУШАНБЕ, 25.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ 4 муассисаи таълимӣ бо шумораи 1780 ҷойи нишаст дар як баст ба истифода дода шуд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ директори муассисаи мазкур Умеда Воҳидзода иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Умеда Воҳидзода, дар соли равон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» дар ҷашни байналмилалии Наврӯз 2 муассисаи таълимӣ-мактаби №15-и деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Фархор ва 14-и ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ барои 560 ҷойи нишаст дар як баст ва бахшида ба ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳати миллӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи №9-и деҳаи Сангтӯда барои  660 ҷойи нишаст ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и деҳаи Хуррамзамин барои 560 ҷойи нишаст дар як баст дар ноҳияи Данғара ба истифода дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» имконияти бо ҷои нишаст фаро гирифтани зиёда аз 16 ҳазор мактаббачагонро дар ду баст доро буда, мақсади лоиҳаи мазкур ҳамчун мақоми ваколатдор, қабл аз ҳама, беҳтар намудани таҳсилоти умумӣ ва низоми таҳсилот дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон ба шумор меравад.

Июль 25, 2017 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад