«Варзишгоҳи ҷавонӣ» — туҳфа ба ҷавонони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Июль 7, 2017 13:24

Б. ҒАФУРОВ, 07.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷмааи варзишӣ бо номи «Варзишгоҳи ҷавонӣ» дар шафати Қасри фарҳанги ноҳия мавриди истифода қарор дода шуд.

«Варзишгоҳи ҷавонӣ» дар доираи Соли ҷавонон бо кумаку мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёд ёфта, аз толори калони машғулиятҳо ва майдончаи футболи хурд иборат мебошад.

Дар расми ифтитоҳи иншооти нави варзишӣ муовини Раиси ноҳия, масъулину мутахассисони шуъбаву бахшҳои мақомоти давлатӣ, устодону варзишгарон, сокинони маҳаллӣ ва дӯстдорони варзишу тарбияи ҷисмонӣ ширкат варзида, бунёди чунин варзишгоҳро қадамҳои устувор дар рушди варзишу тарбияи ҷисмонӣ арзёбӣ намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ барои бунёди маҷмааи варзишӣ моҳи феврали соли 2017 оғоз гардида, аз ҷониби кормандону мутахассисони Ширкати маҳаллии «Диёри Нур» дар сатҳи баланд анҷом дода шудааст.

Дар ин ҷо барои машғул шудани ҷавонон ба варзиши гӯштин, футбол, волейбол, баскетбол, теннису дигар навъҳои он шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҷавонони ноҳия бо изҳори қаноатмандӣ аз дастгириҳои давлату Ҳукумати мамлакат дар варзишгоҳи нав машғулияти аввалинро доир намуданд.

Июль 7, 2017 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад