Вохӯрии сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон дар Душанбе

Июль 4, 2017 14:54

ДУШАНБЕ, 04.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 6 июли соли 2017 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон баргузор хоҳад шуд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикисон хабар доданд.

Дар чаҳорчӯби вохӯрӣ доираи васеи масоили ҳамкорӣ миёни се кишвар дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва амният баррасӣ хоҳанд шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои иқтисодӣ ҷонибҳо ба масъалаҳои марбут ба савдо ва сармоягузорӣ, энергетика, зерсохтори нақлиётӣ ва таҳкими равобит миёни доираи соҳибкорони се кишвар таваҷҷуҳи хоса хоҳанд намуд. Ҳамчунин масъалаҳои дастгирии минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Афғонистон дар ростои таъмини сулҳ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, инчунин муборизаи босамар алайҳи хатарҳои минтақавӣ ва байналмилалии амниятӣ дар маркази диққати ҷонибҳо қарор ҳоҳанд гирифт.

Интизор меравад, ки ҷонибҳо аз рӯи натиҷаи мулоқоти Душанбе изҳороти муштараки сарони се кишвар, ки ба мушорикати фарогир, эъҷоди механизмҳои нави ҳамкорӣ дар самтҳои калидии ҳамкоҳорӣ  ва такони тоза бахшидан ба равандҳои минтақавӣ равона гардидааст, қабул хоҳанд кард.

 

Июль 4, 2017 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар самтҳои иқтисоду тиҷорат баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд
Донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи Кувайт тавассути бурсия таҳсил менамоянд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15-солагии ифтитоҳи бинои Сафорат дар шаҳри Берлин таҷлил гардид
Сарвазири Покистон бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли идораи амлок ва абнияи вазорати корҳои хориҷии Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Сеул Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири маҷаллаи фарҳангии «Ал-Арабӣ»-и Кувайт вохӯрӣ намуд