Агентии обуҳавошиносӣ: Имрӯз дар Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад

Август 4, 2017 08:58

ДУШАНБЕ, 4.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз 4 август дар бештари минтақаҳои кишвар ҳаво тағйирёбанда боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон, раъду барқ ва чангу ғубор пешгӯӣ мешавад.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ҷойҳо боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Дар ғарби ҳамин вилоят ҳаво шабона 13-18 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм шуда, дар шарқи вилоят бошад гармии ҳаво шабона ба 4-9 ва рӯзона ба 14-19 дараҷа мерасад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок буда, ҳаво шабона 19-24 ва рӯзона 34-39 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар  вилояти Суғд ҳаво камабри бебориш шуда, дар водиҳо шабона 17-22 ва рӯзона 30-35 дараҷа гармӣ пешгӯи мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда гашта, боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар дошта шудааст. Гармии ҳаво шабона ба 17-22 ва рӯзона ба 36-41 дараҷа мерасад.

Дар Душанбе ҳаво камабри бебориш буда, ҳарорат шабона 18-20 ва рӯзона 33-38 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Август 4, 2017 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд