Бунёди терминали боркашонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба афзоиши ҳаҷми боркашонӣ мусоидат менамояд

Август 2, 2017 11:57

ДУШАНБЕ, 02.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиши ҳаҷми боркашонӣ тавассути ширкатҳои ватанию хориҷии ҳавонавардӣ дар фурудгоҳҳои байналмилалии  Тоҷикистон  иттилоъ медиҳад. Зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли  равон  ҳаҷми боркашонӣ тариқи фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа  1767,5 тоннаро ташкил дод, ки ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта  9 фоиз зиёд аст.
Аз ҳаҷми умумии молу маҳсулоте, ки тавассути фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон  кашонида шудаанд,   986,2 тонна ба ширкатҳои ҳавонавардии Тоҷикистон «Сомон Эйр», «Тоҷик Эйр»  ва боқимонда  ба ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ   рост  меояд.
Афзоиши ҳаҷми боркашонӣ дар фурудгоҳҳои байналмилалии кишварамон дар ҳолест, ки соли равон  татбиқи лоиҳаи «Беҳтар намудани инфрасохтори  Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» барои сохтмони терминали боркашонӣ  дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе  ба маблағи 17,5 миллион доллар расман оғоз гардид. Интизор меравад, ки бо бунёди ин иншооти барои иқтисодиёти кишварамон муҳим ҳаҷми боркашонии фурудгоҳӣ беш аз пеш афзоиш  меёбад.

Август 2, 2017 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад