Эмомалӣ Раҳмон: «Хатмкардагони Академия бояд донандагони хуби забонҳои хориҷӣ бошанд»

Август 30, 2017 10:25

ДУШАНБЕ, 30.08.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар зарфи солҳои 2000-2016 Академияи милитсияи Вазорати корҳои дохилиро беш аз 8 ҳазор нафар хатм намудаанд. Имрӯз дар Академия 2200 нафар таҳсил мекунанд, ки аз онҳо 156 нафарашон духтарон мебошанд, вале ин шумора ҳанӯз хеле кам аст. Ин матлабро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронии хеш  ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ иброз намуданд.

Ҳамчунин Сарвари давлат дар ҷараёни суханронӣ зикр намуданд, ки ҳоло бо супориши Роҳбари давлат дар ҳамаи муасисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 600 нафар ятимон, аз ҷумла дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ 169 нафар таҳсил мекунанд.

«Дар ин муассисаи таҳсилоти олӣ инчунин 56 нафар фарзандони кормандони мақомоти милитсия, ки ҳангоми адои хизмат ҳалок гардидаанд ва 15 нафар хатмкардагони хона-интернатҳои кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки иқдоми мазкур нишонаи ғамхории давлату Ҳукумат нисбат ба оилаҳои камбизоат ва қишри ниёзманди ҷомеа мебошад»,-баён доштанд Президенти мамлакат.

Пешвои миллат бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ба роҳ мондани омӯзиши ҳамаҷонибаи фанҳои тахассусӣ дар Академияи Вазорати корҳои дохилиро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим шуморида, изҳор карданд, ки ҳамчунин ба масъалаи таълими забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи байналмилалӣ эътибори ҷиддӣ додан зарур аст.

«Хатмкардагони Академия бояд на танҳо ҳуқуқшиносони баландихтисос, балки донандагони хуби забонҳои хориҷӣ низ бошанд»,-иброз доштанд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.

Август 30, 2017 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд