Ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии ноҳияи Панҷ ва мулоқоти Пешвои миллат бо сокинон

Август 18, 2017 07:39

ДУШАНБЕ, 18.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияро ифтитоҳ намуда, дар ҳамин ҷо бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоту суҳбати самимӣ ва созанда доир карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ иншооти муҳими соҳаи варзишро ифтитоҳ карда, онро ба ҷавонони ноҳия ва варзишгарон тақдим намуданд.

Корҳои азнавсозии варзишгоҳ соли 2015 оғоз гардида, он бо сифати ба талаботи стандартҳои сохтмонӣ ҷавобгӯ дар рӯзи ташрифи Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Фармоишгар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шаҳриёр”-и шаҳри Душанбе мебошанд. Лоиҳаро бошад, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди САНИОСП таҳия кардааст.

Барои навсозӣ ва таҷҳизонидани варзишгоҳ 15 милллион сомонӣ маблағ сарф карда шудааст. Он барои 6000 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, макони хуби баргузории мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ мебошад. Дар варзишгоҳ чор нишастгоҳи росткунҷашакл ва бинои қабули меҳмонони олимақом бунёд шуда, масоҳати умумии иншоот аз руи лоиҳа 12 ҳазору 451 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Сохтмончиён дар вақти бунёди варзишгоҳ ба масъалаи таъмини тамоми инфрасохтори он аҳамияти аввалиндараҷа додаанд. Ҳамин аст, ки дар ин ҷо 4 ҷойи либосивазкунӣ, дастурӯйшӯӣ, утоқи кории мураббиён, доварон ва толорҳои махсуси маҷлисгузаронӣ сохта шудааст.

Баъди ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии ноҳияи Панҷ дар ҳамин ҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳия, ки ба пешвози Роҳбари ояндасози худ омада буданд, мулоқот карданд.

Сарвари давлат нахуст ифтитоҳи иншооти калони варзиширо ба мардуми ноҳия муборакбод гуфта, онҳоро бо фарорасии 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ шодбош гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми меҳнатқарини ноҳия барои дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, бо имтинон иброз доштанд, ки сокинон минбаъд низ бо ҷонибдорӣ аз тадбирҳои ояндадор баҳри рушду ободии бештари ҷумҳурӣ талош варзанд.
Ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии ноҳияи Панҷ ва мулоқот бо сокинон 18.08.2017

Август 18, 2017 07:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд