Илҳомҷон Атоев: «Теъдоди истифодабарандагони Интернет дар Тоҷикистон ба 2,3 млн. нафар расид»
ДУШАНБЕ, 02.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи истифодабарандагони Интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва маҳаллӣ дар Тоҷикистон 2,3 млн. нафарро ташкил медиҳад.
Ин нуктаро муовини аввали Раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» баён дошт.
Илҳомҷон Атоев дар нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки дар ин давра дар ҷумҳурӣ шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ 7 млн. 353 ҳазору 192 нафарро ташкил дод, ки аз онҳо 4 млн. 371 ҳазору 817 нафарашон муштариёни фаъол мебошанд. Зикр карда шуд, ки ба ҳар 100 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ 5,5 адад дастгоҳи телефонии собит рост меояд.
Иттилоъ дода шуд, ки вазъи хизматрасонии алоқа дар ҷумҳурӣ қаноатбахш буда, барои дар мавзеъҳои дурдаст дастрас намудани алоқа Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






