Иштироки Пешвои миллат дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани зеристгоҳи нави 220\110\10 киловаттаи «Геран-2»

Август 17, 2017 07:31

ДУШАНБЕ, 17.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як зумра иншооти таъйиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Сарвари давлатро дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Пешвои маҳбуби худ, роҳбарияти ноҳия, фаъолону собиқадорон, ҷавонони ватандӯст ва аҳли илму фарҳанг бо самимияти беандоза истиқбол намуданд.

Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани зеристгоҳи нави 220\110\10 киловаттаи «Геран-2» иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки зеристгоҳи мазкур дар доираи лоиҳаи «Минтақавии интиқоли неруи барқ» дар асоси Созишномаи грантӣ, ки 16 сентябри соли 2010 миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё ба имзо расидааст, бунёд гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дохили бинои идоракунӣ ва назоратӣ бо пахши тугма ба фаъолияти ин иншооти азими энергетикии мамлакат оғози расмӣ бахшиданд.

Дар зеристгоҳи нави «Геран-2» бинои идоракунии назоратӣ бунёд гардидааст, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, ҳамаи дастгоҳҳои зеристгоҳ тавассути технологияи компютерӣ идора ва назорат карда мешаванд.

Зикр гардид, ки мақсади асосии сохтмони зеристгоҳи нави «Геран-2», ин пеш аз ҳама, васеъ ва таҷдид намудани системаи интиқоли барқи қисмати ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки барои савдои минтақавии неруи барқ мусоидат менамояд.

Аз тарафи дигар, ин иншооти муосир дар паст кардани талафоти қувваи барқ ва беҳтар кардани эътимоднокии таъминоти барқ дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти навтарини ин зеристгоҳ, ки бо технологияи пешрафтаи ширкатҳои ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз гардидааст, ба он баҳои баланд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки зеристгоҳи нави «Геран-2»-и ноҳияи Ҷайҳун дар майдони 7 гектар доман густурда, барои бунёди он дар маҷмӯъ беш аз 21 миллиону 500 ҳазор доллар сарф шудааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизоти барқӣ дар зеристгоҳи нави «Геран-2» аз ҷониби Консорсиуми «Алстом-Генсер» ва зерпудратчиёни лоиҳа-ҷамъиятҳои дорои масълияти маҳдуди «Интеграл», «Тоҷиккурортстрой» ва «Барқсоз»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бо сифати баланд амалӣ гардид.

Тибқи шартнома таҷҳизот аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Франсия, Италия, Туркия, Чин ва Ҷумҳурии Қазоқистон ворид гардида, дар корхонаҳои истеҳсолкунанда пурра аз санҷиши техникӣ бо муваффақият гузаронида шудаанд.

Ду хати интиқоли барқи 220 (кВ) киловолтаи зеристгоҳи нави «Геран-2» бо Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда 1» ва як хати интиқоли барқи 220 (кВ) киловолта бо зеристгоҳи «Колхозобод» пайваст мебошанд.

Хати интиқоли барқи дузанҷираи 220 кВ ва як хати интиқоли барқи 110 кВ неруи барқ аз зеристгоҳи нави «Геран-2» ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон неруи барқи истеҳсоли ҷониби Тоҷикистонро содирот мекунанд.

Таъкид шуд, ки баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур эътимоднокии таъминоти барқ ба аҳолӣ ва хоҷагии халқи ноҳияҳои Ҷайҳун, Панҷ, Дӯстӣ ва Ҷалолиддини Румӣ бештар хоҳад гардид.

Баъди дидани имконияти зеристгоҳи замонавӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони собиқадору ҷавони шабакаҳои барқи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон суҳбати озоду созанда доир намуд.

Сардори давлат кормандони соҳаро ба хизмати софдилонаю содиқона ва истифодаи дурусти ин технологияи муосир ҳидоят карданд.

Иштирок дар маросими баҳрабардорӣ қарор гирифтани зеристгоҳи нави 220\110\10 киловаттаи «Геран-2» 17.08.2017

Август 17, 2017 07:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Лионг Кионг барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои Маҷмааи хизматрасонии техникии парвозҳоро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 3 қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой-Конибодом — Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ғафуров-Хистеварз ва Кучкак-Конибодомро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти пластикии ҶДММ «Чавроқ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи тандурустӣ, ду корхонаи саноатӣ ва як сардхонаро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон корхонаи истеҳсоли ранг ва хокаи хушки сохтмонии ҶДММ «Тиглат»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии ду лоиҳаи нави энергетикӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 гидроагрегати неругоҳи Қайроққумро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд