Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон: «Вақте Ҳукумат ва халқ аз як гиребон сар мебароранд, бидуни шубҳа, ин ба манфиати ояндаи кишвар хоҳад буд”

Август 25, 2017 11:26

ДУШАНБЕ, 25.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  мавзӯи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана  ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти  танзими анъана ва ҷашну  маросимҳо мавзӯи вирди забони мардум буда, халқ ин тағйиру иловаҳоро мисли қонуни номбурда аксар бо ҳамовозиву қаноатмандӣ  пазируфтанд. Дар ин мавзӯъ хабарнигори  АМИТ “Ховар”  бо Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Камол НАСРУЛЛО суҳбат намуд.

«Ховар»: Зарурати қабули Қонуни мазкур дар кишвари мо дар чӣ буд ва чаро он дубора ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ниёз пайдо кард?

Камол Насрулло: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар муддати 10 соли амали худ, чунонки Пешвои миллатамон дар суханрониашон бахшида ба 10-солагии амали ин Қонун гуфтанд, ба чунин дастовардҳо ноил шуд: аввалан ин қонун барои ҳифзи арзишҳои фарҳангии миллӣ асос гузошт; сипас, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард; сеюм, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд; чаҳорум, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифт ва оқибат, ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи чорабиниҳои мардумӣ мусоидат кард.

Дар ҳамон суханронии Пешвои миллат ҳадафҳои асосие, ки Қонуни мазкур пайгирӣ мекунад, мушаххасан оварда шудаанд, ки инҳоянд: баробарии иҷтимоӣ, кам кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон. Ва таъкид гардидааст, ки маблағҳои сарфашуда аз танзим бояд барои беҳтар намудани шароити зист, бунёд ва ободкунии манзилҳои истиқоматӣ, таълиму тарбияи фарзандон истифода шаванд.

«Ховар»: Ба андешаи Шумо, ин зиёдаравиҳо дар ойину анъана ва ҷашну маросимҳои  мо аз куҷо сарчашма гирифтаанд?

Камол Насрулло: Расму ойинҳои мо, пеш аз ҳама, арзишҳои фарҳангии миллати мо ҳастанд, арзишҳои фарҳангие, ки миллати мо асрҳои аср онҳоро садоқатмандона зинда доштаасту ба шарофати онҳо худаш низ зинда мондааст. Расму ойинҳои ҳар халқ фарҳанг, одоб ва маърифати онро таҷассум мекунанд. Анъанаву суннатҳо нишони сатҳи маданияту маърифатанд. Миллати мо бештар аз дигар миллатҳо соҳиби ойину суннатҳост, зеро миллати соҳибтамаддун ва қадимист. Ойину суннатҳои қадимии мардуми мо, ки ҳар яке ҳадафҳои баланди инсондӯстиву башарӣ доранд, гувоҳи табиати эҷодкорона, ҳунар, фарҳанг ва одоби баланди халқи тоҷик мебошанд.

Аслан, агар нек нигарем, тамоми  зиндагии тоҷикон иборат аз  ойину суннат ва маросимҳост. Аз таваллуди тифл то гусел ба роҳи охират тамоми рӯзгори тоҷикон аз ойинҳое иборат аст, ки ҳамаи онҳо ҳадафҳои нек, аҳамияти тарбиявӣ, инсондӯстӣ, тозагиву озодагӣ, тарбияи завқ ва дигар ҳадафҳоро пайгирӣ мекунанд. Масалан, садо андохтан ба гӯши тифли навзод, шустани тифл, гаҳворабандон, мӯйисаргирон, хатна… ва даҳҳо суннату ойинҳои дигар то поёни умр раҳнамову раҳбалади моянд. Яъне чӣ? Яъне зиндагии мо бе ҳадаф, бе маъно, бе ормону орзуҳои шоиста нест. Чунин зиндагӣ мазмун дорад, ҳадаф дорад ва мо,  тоҷикон бо расму ойинҳои башардӯстонаи худ ифтихор мекунем. Ифтихор мекунем, ки халқи мо эҷодкор аст, завқ ва тахайюлоти баланд дорад.

Аммо боиси афсӯс аст, ки баъзан суннатҳои волои моро гирифторӣ ба таассубу хурофот олуда мекунад. Ба ҳамон дараҷае, ки ойину суннатҳои мо сатҳи баланди инсониву ҷаҳонӣ доранд, қариб ба ҳамон дараҷа таассуб ва хурофоти бемаънӣ, ки аксар аҷнабӣ ҳастанд, онҳоро ба поён мекашанд. Ва ин дард, ин гирифторӣ хеле кӯҳна буда, бо  ҳамин сабаб аз беху бун кандани решаҳои ҳазорсолаи он кори осон нест. Ҳанӯз Абӯрайҳони Берунӣ гуфта буд: “Таассуб чашмҳои биноро кӯр мекунад ва гӯшҳои шунаворо кар месозад”. Ва сабаби зуҳури Қонуни танзим ва пайгирии пайвастаи он аз ҷониби Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон низ дар ҳамин аст: тозаву покиза кардани ойину суннатҳои некамон аз гарду ғубори хурофот.

«Ховар»: Омилҳои побанди хурофот буданро дар чӣ мебинед?

Камол Насрулло: — Банда дар ин мавзӯъ борҳо изҳори назар кардаам. Албатта, сабаби асосӣ- қафомонии фарҳангии як гурӯҳи одамон аст. То ҳанӯз мо мардуме дорем, ки назди  чашмбанду фолбинҳо мераванд, ба мазорҳо муроҷиат мекунанд, азбаски худ саводи комил надоранд, ба пеши муллотарошони бе салоҳияту бесавод ва авомфиреб мераванд, ҳатто дар мавридҳое, ки касалманданд ва дахолати фаврии мутахассиси соҳаи тиб лозим аст. Сабаби дигар ин аст, ки азбаски мардуми мо баимону эътиқодманди дини мубини ислом ҳастанд, авомфиребони зиёде бо истифода аз ин худро муллову табиб эълон намуда, онҳоро  ба доми макру фиреби худ афтондаанд. Ва мардуми содаи мо кӯр-кӯрона ба онҳо эътимод баста, аз пасашон мераванд. Ҳадафи ин гурӯҳ маълум аст, бо роҳи макру фиреб пул кор кардан. Агарчи борҳо  макру фиреби ин қаллобон фош шудааст, то ҷойе, ки баъзеи онҳо ҳатто одитарин савод надоранд ва ҳатто хондану навишта наметавонанд. Ҳама амалиёти онҳо баръакс, ба муқобили дину шариати ислом аст, ки фиреби мардум ва муфтхӯриву қаллобиро маҳкум мекунад.

Беҳуда нест, ки дар осори классикони адабиёти тоҷик ин зумра мардуми гумроҳ ҳамеша мазаммат шудаанд:

Зиёни касон аз пайи суди хеш

Биҷӯянду динро дароранд пеш.

Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ сабаби зуҳури  таассубу хурофотро дар ҷаҳолат мебинад ва  дар муроҷиат ба чунин мардум гуфтааст:

Эй гашта дили ту сияҳ аз гарди ҷаҳолат,

То ин дили чун қори ту пургарду виқор аст.

Мехоҳам ҷиҳати дигарро низ қайд кунам. Азбаски миллати мо дар тӯли таърих тохту тороҷи зиёди аҷнабиён, ҷабру зулми бисёри ғоратгарони хунхорро дидааст, ҳамин тарс, ки дар хуну пайкари ӯ ҷо шудааст, ҳанӯз ҳам боқист. Ин тарс имрӯз ҳам гоҳ-гоҳ дар лобалои мушкили рӯзгору зиндагӣ рӯ мезанад ва мардуми моро ба сӯйи таассубу хурофот, ба доми фиребгарон, ба ҳалли осони масъала, ба умедҳои тиҳӣ ва бенатиҷа мебарад. Аммо мо, хушбахтона, мебинем, ки баъд аз расидан ба Истиқлолияти давлатӣ, баъд аз амалӣ шудани сиёсати худшиносии миллӣ, афзудани шинохт ва ҳувияти худ  кам шудани гирифтории мардум  ба таассубу хурофот хеле назаррас аст.

«Ховар»: Мехостам дар бораи баланд бардоштани маданияти шаҳрнишинӣ суҳбат кунед.

Камол Насрулло: Мо дар пойтахти ватанамон — шаҳри Душанбе зиндагонӣ мекунем ва ин  масъулияти шаҳрвандии моро хеле афзунтар мегардонад, зеро пойтахт ойинаи фарҳангу маърифату одоби кишвар аст. Ҳарчи ин ойина таҷассум мекунад, ҳамчун симои миллии мо қабул мешавад, зеро аксари меҳмонони кишвари моро  маҳз пойтахт қабул ва гусел мекунад. Аммо пойтахти мо махсусиятҳои хешро дорад. Агар шаҳрҳои дигари нисбатан бузурги мо, мисли Хуҷанд, Кӯлоб анъанаву ойинҳо, расму одоби дерину ягонаи худро дошта бошанд, Душанбе чунин нест.  Душанбе аввалан дар пеши таърих шаҳри хеле ҷавон аст, баъдан  шаҳрест, ки дар он аҳолии омада аз ҳама минтақаҳо зиндагӣ доранд ва табиист, ки аҳолии ҳар минтақа ойину одобу суннатҳои худро ҷорӣ мекунад. Аз ин рӯ Душанбе шаҳри як анъанаву як суннату як расму ойин нест. Агар ин гуногунрангӣ аз як ҷониб суннатҳои онро ғаниву рангоранг намояд, дар баробари ин барои фароҳам овардани ягонагии анъанаҳо мушкил эҷод мекунад, яъне ҳар кас чуноне дар халқ мегӯянд, аробаи худро мекашад. Хеле муҳлат даркор аст, ки аз ҷамъи суннату ойинҳо суннату ойини ягонаро дар пойтахтамон ҷорӣ намоем. Аммо мо бояд ба ҳадафи худ бирасем,  бояд чеҳраву симои хоси пойтахтамонро эҷод кунем. Тавре ки  Пешвои миллат зимни суханоронии худ дар мулоқот бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии мамлакат бахшида ба 10-солагии қабули Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  изҳори итминон намуданд: «Бовар дорам, ки бо татбиқи пурраи Қонуни мазкур дар оянда фарқияти байни расму ойинҳои маҳалҳои гуногуни кишвар аз байн рафта, анъанаҳои миллиамон ба шаклу низоми ягона хоҳанд даромад”. 

Имрӯз, ки пойтахти ватанамон хеле сарсабзу шукуфону гулафшон гардида, ҳамарӯза дар он қасрҳову биноҳои муҳташаму зебову баланд қомат меафрозанд, бояд ҳамин сарсабзиву шукуфоиро дар ниҳоди шаҳрвандони он, ҳамин зебогиву сарафрозиро дар маърифату одоби зоҳирии сокинонаш низ ҷой кунем.

Аксари мардуми омада ҳатман ба бозорҳо мераванд ва дар бисёр маврид бозорҳои шаҳр  симои  зоҳирӣ ва маънавии мардумро таҷассум мекунанд. Мутаассифона, мову шумо хуб медонем, ки симои зоҳириву маънавии мардуми мо дар бозорҳо чӣ гуна аст. Дар баъзе мавридҳо, пеш аз ҳама, гуфтору рафтори дағал, садои баланд, таҳқиру ҳақоратҳое, ки ба чашм мехӯранду ба гӯш мерасанд, моро ба шигифт меоранд. Занону ҷавондухатарони мо ноогоҳона сатру ҳиҷоби сиёҳро ба бар мекунанд, ки албатта, инҳо ҳама ҳусни шаҳрро мекоҳонанд. Баъдан мусофирони омада ба рафтору гуфтору кирдори мо дар боғҳо, кӯчаву хибонҳо ва хусусан дар нақлиёти ҷамъиятӣ аҳамият хоҳанд дод, ки ягон ҷои ифтихор надорад.  Ҳақоратҳои қабеҳтарине, ки  дар гуфтори баъзеҳо  мушоҳида мешаванд, дар ягон ҷойи дунё нест. Бо ин ҳама адабиёти баланду оламшумул дар  мавзӯи фазилату одоб ин бефазилативу беадабии мо аз куҷост? Беҳуда нест, ки Пешвои миллат дар мулоқоти худ оид ба даҳсолагии амали Қонуни танзим  оид ба ҳифзи забони миллӣ, риояи фарҳанги миллӣ, нақши забону фарҳанг дар ташаккули андешаи миллӣ, худогоҳиву худшиносии мардум, хусусан ҷавонон сухан ронда, аз хусуси забони ҷомеа,  одоби сухангӯӣ  дар кӯча, аз таъсири манфии унсурҳои бегона нигоҳ доштани забон хеле ба маврид  дастурҳо доданд.

Мо бояд дар бораи тозагиву озодагии кӯчаву паскӯча, ҳавлиҳо, хиёбону гулгаштҳои шаҳрамон низ андеша кунем. Ақаллан худамон шаҳрамонро ифлос накунем, тозагӣ ва беҳдоштро риоя намоем.  Имрӯз бо муҳаббати баланди шаҳрвандӣ иқдомҳои бунёдкоронаи ободкориро дар шаҳрамон, ки дар як муддати кӯтоҳ пойтахт  боз ҳам сарсабзу хурраму гулафшон гардидааст, дастгирӣ намоем. Ҳоло  таъмиру навсозии кӯчаҳои шаҳр, бунёди варзишгоҳҳо барои наврасону ҷавонон ва майдонҳои шуғл барои тифлону кӯдакон  дар маҳаллаҳои шаҳру назди ҳавлиҳо моро ба фардои ободу дурахшони пойтахтамон умедвор мекунад.

«Ховар»: Андешаҳои Шумо оид ба гаравидани занону духтарони тоҷик ба фарҳанги либоси бегона дар мисоли сатру ҳиҷоб чӣ гуна аст?

Камол Насрулло:  Воқеан кас ба ҳайрат меояд, ки чаро мардуми мо аз либосҳои миллии худ, ки чун зеботарину шоистатарин либосҳои олам пазируфта шудаанд, рӯ тофта, ба пӯшидани либосҳои аҷнабӣ гаравидаанд? Ба андешаи банда, гаравиш ба либосҳои бегона, хусусан арабӣ чанд ҷанба дорад. Аввалаш иштибоҳест, ки гумон мекунанд пӯшидани сару либоси арабӣ моро мусулмонтар мекарда бошад ва намеандешанд, ки мусулмонӣ ба эътиқоду бовар аст, дар дил, дар ботин аст, на дар зоҳир ва сару либос. Бубинед, миллатҳои зиёди дигар ҳам мусулмонанд, аммо ҳеҷ яке ба хотири мусулмон будан аз баҳри либоси миллии худ набаромадааст. Ва ин далел, мутаассифона, ноустувории иддае аз моро  нишон медиҳад. Сабаби дуюми ин гаравишро банда дар он мебинам, ки ин амалиётро неруҳое пайгирӣ мекунанд, ки ҳадафашон барҳам додани фарҳанги мо ва миллати мо мебошад ва онҳо бо ҳар роҳ  аз содагиву хушбоварии  мардум истифода бурда,  ақидаву сиёсати худро дар байни халқи мо ҷорӣ месозанд. Сеюм, аз ин маврид тоҷирону савдогароне истифода мебаранд, ки дур аз нангу ҳувияти  миллӣ ҳастанд, манфиатҳои тиҷоратиашонро болотар аз манфиатҳои фарҳанги миллӣ мегузоранд ва теъдоди ҳангуфти ин либосҳоро ба савдо мебароранд. Чаҳорум, гумон мекунам ин аст, ки либосҳои дарозу барқади арабӣ барои пӯшонидани айбу нуқсон ва кирдору андешаҳои гурӯҳе ниқоби хубу мувофиқанд.  Яъне чунин либосро вақте  гурӯҳе ба бар мекунанд, мардум онҳоро бояд чун одамони покизатиннату баимон  қабул намоянд, аммо дар асл мутаассифона, на ҳамеша чунин аст.

Дареғи ин нафарон, ки ба қадри либоси миллии мо намерасанд. Баръакс, либосҳои тоҷикӣ бо мазмуннокӣ, нақшу нигор ва рангҳои ҳаётдӯстона мардуми оламро кайҳо тасхир кардаанд. Ин либосҳо, ки ҳар яке намунаи барҷасти ҳунари мардумӣ, асари санъат ва баёнгари фарҳанги милливу орзуву армонҳои инсонӣ мебошанд,  бо дилрабоии худ ва арзиши фарҳангиашон назир надоранд.

Мехоҳам бо истифода аз ин саволи Шумо чанд сухан дар бораи фарҳанги номгузории тоҷикӣ низ бигӯям, зеро айни ҳамин ҳолро, ки дар тақлиди либоспӯшӣ дидем, метавон дар номгузорӣ низ дид. Яъне як гурӯҳи мардум боз ҳам гумон доранд, ки гузоштани номҳои арабӣ онҳоро бештар мусалмон мекарда бошад. То ҷойе ки  мебинем, имрӯз беш аз 70-80 фисади номҳои мо кайҳо арабӣ шудаанд. Дар баъзе мавридҳо мо ба мусулмонӣ бештар гаравиш дорем нисбат ба  баъзе аҳолии кишварҳои араб. Аммо чаро ягон нафари онҳо аз баҳри номи арабии худ гузашта, номи тоҷикӣ намемонад? Ё тарки либосҳои миллии худ карда, либоси тоҷикӣ намепӯшад? Барои он, ки дар ҳувияти миллии худ устуворанд. Барои он ки мардуми  содаи мо мисли оби равонест, ки ба ҳар ҷӯе равон бикунӣ, рафтан мегирад.

Банда ба тобишҳои маънавии номҳои арабӣ сарфаҳм намеравам. Аммо хуб медонам, ки номҳои зебои тоҷикӣ нишони фарҳанги волои миллати соҳибтамаддуни моянд. Ин номҳо дар худ равшанӣ, нури умеду армон, нури маърифат мебаранд. Банда дар шеъре навишта будам:

Бин, ки ҳар номе сафое мебарад,

Ном нуру рӯшноӣ мебарад,

Нозанин, Хуршед, Нилуфар, Ҳумоюн…

Ном худ фарҳанги зебоӣ,

Ном уммед асту армон аст ин ҷо,

Тоҷикистон аст ин ҷо!

Аслан инсон бояд дар пӯшидани либос, гузоштани ном ва гузаронидани маъракаҳои хонаводагӣ озод бошад. Аммо озодӣ дар ягон кишвари дунё беҳадду ҳудуд набуда ва буда ҳам наметавонад.  Маҳз зиёдаравиҳои  мардум, убур кардан аз марзҳои маъмулии одобу ахлоқ, нодида гирифтани арзишҳои миллӣ, риоя накардани меъёрҳои қонунгузорӣ водор сохтааст, ки дар кишвари мо як чунин қонуне барои танзим қабул карда шавад.

«Ховар»: Ба андешаи Шумо,  дар байни суннатҳои асили милливу динӣ ва таассубу хурофоту амалҳое, ки бо номи ойину суннатҳои мо баргузор мегарданд, аммо дар асл онҳоро таҳриф карда, ба онҳо иснод меоваранд, чӣ гуна метавон тафриқа гузошт?

Камол Насрулло: Гумон мекунам саволи хубу бамаврид аст, зеро як сабаби  зиёдаравиҳову зиёдакориҳое, ки ҳеҷ мансубият ба дину ойинҳо надоранд, дар надонистани  ҳамин тафриқа аст. Дар ояти 141, сураи “Анъом”, ки аз ҷониби Пешвои миллат низ далел оварда шуд, гуфта шудааст: “Исроф  накунед! Ба дурустӣ, ки Худо исрофкоронро дӯст намедорад”.  Илова бар ин, ба ҳеҷ дину шариат ва расму русум рост намегирад, ки мардум дар рӯзи мусибату андӯҳе, ки бар сари хонаводае омадааст, дастархон ороянду аз ҳисоби одами мусибатзада ғизо хӯранд. Ҳар бегоҳи ҷумъаву душанбе дар баъзе минтақаҳо то як сол ҷамъ омадану ғизо хӯрдан дар хонаи мусибатдида ба кадом дину ойин  шоиста аст? Чӣ гуна дар марги як наврас,  як ҷавон ё як  духтар аз гулӯи баъзеҳо нон мегузарад?! Ин қабоҳат ҳаргиз фармудаи Худо ва ягон дину ойин нест. Ин бофтаи онҳоест, ки ноинсофона аз мусибати бечорае манфиат бурдан мехоҳанд. Бисёр “ойин”-ҳои шармандавори мо боқимондаҳои аҷнабиёни ваҳшиянд, ки ҳанӯз аз замонҳои чингизӣ боқӣ мондаанд, мисли  “аласт”,  “нукча”, “қайтарма”, “бахшӣ”-гиву дигарҳо, ки ҳатто вожаҳошон аҷнабиянд. Аммо баъзеҳо шармандавор то имрӯз аз онҳо истифода мебаранд. Меъёри тафриқагузорӣ бояд шинохти  воқеии суннатҳо ва ақли солим  бошад.

«Ховар»: Ҳамкории судманди ҷомеаи шаҳрвандиро бо Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди татбиқи амалии Қонуни танзим чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Камол Насрулло: Камина шомили он гурӯҳҳои тарғиботие будам, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президети кишвар дар тамоми гӯшаҳои мамлакат, дар дурдасттарин нуқтаҳои он бо мардум мулоқотҳо доштанд. Банда воқеан шоҳиди истиқболи самимонаву рӯҳбаландонаи мардум ҳам аз Қонуни танзим ва ҳам аз тағйироту иловаҳо бар он ҳастам ва ин беҳуда нест, зеро ҳадафи асосии ин Қонун маҳз баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва фарҳанги мардуми тоҷик, таъмини амнияти  шаҳрвандон, баробарии иҷтимоӣ ва кам кардани сатҳи камбизоатист, яъне он чизе, ки худи халқ мехоҳад ва ба манфиати ӯст. Яъне, вақте ки Ҳукумат ва халқ аз як гиребон сар мебароранд, бидуни шубҳа, ин ба манфиати ояндаи кишвар хоҳад буд.

 

Август 25, 2017 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин