Машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ дар “Чорухдарон” ба анҷом расиданд

Август 18, 2017 09:41

ДУШАНБЕ, 18.08.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ, ки 14 август бо ҷалби сохтору мақомоти давлативу қудратии гарнизони Суғд оғоз гардида буданд, дар машқгоҳҳои низомии «Чорухдарон» бо муваффақият ба анҷом расиданд.

Тавре аз  Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар маросими ҷамъбасти ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иштирок намуданд.

Машқҳо таҳти роҳбарии Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи Нақшаи муштараки маҷмӯи чорабиниҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳ баргузор шуданд.

Ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ дар 4 марҳила дар машқгоҳҳои низомии «Чорухдарон» ва «Нурафшон» ба таври назариявию амалӣ ҷараён гирифт. Зимни баргузории он захираҳои эҳтиётии даъватшавандагони шаҳру ноҳияҳо ва шаҳрвандони дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ буда истифода гардид.

Дар ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва масъулини тамоми сохторҳои қудратӣ ширкат намуда, онҳо ба машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, сафороиву қадамзанӣ, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, тирпарронӣ аз техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, силоҳу муҳимоти сабуки ҳарбӣ ҷалб карда шуданд.

Дар машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ, ки бо мақсади сайқал додани ҳамоҳангӣ ва таҷрибаи ҳайати шахсии сохторҳои низомии мамлакат дар ташкили амалиёти муваффақонаи ҷангӣ, вусъат додани қувва ва воситаҳои минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ, баланд бардоштани омодагии рӯҳиву равонӣ ва қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ доир шуд, ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии гарнизони Суғд, аслиҳаи мухталифи оташнишон, 10 адад авиатсияи ҷангӣ, наздики 200 адад техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбӣ, 70 адад техникаҳои артиллерӣ ва зиёда аз 450 адад техникаҳои автомобилӣ истифода гардиданд.

Зимни машқҳо бо фармони Вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо як гурӯҳ иштирокчиёни машқҳои муштарак бо сипосномаву медалу рутбаҳо сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба чанд нафар аз иштирокчиёни фаъол туҳфаҳои пулӣ тақдим намуд.

Август 18, 2017 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид