Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сардори Ситоди артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон Қамар Ҷовид Баҷва

Август 28, 2017 14:49

ДУШАНБЕ, 28.08.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сардори Ситоди артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон Қамар Ҷовид Баҷваро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили вобаста ба бесуботию ноамнӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, хусусан дар кишварҳои мусулмонӣ ва дигар мушкилоти умдаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре таъкид гардид, яке аз самтҳои асосии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла Покистони ба мо дӯст ин мусоидат ва иштироки фаъол дар таъмину таҳкими сулҳу суботи минтақавию байналмилалӣ мебошад.

Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки солҳои охир ҳамкориҳои артишҳои миллӣ, хадамоти махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Покистон густариш ёфта, сатҳу сифати нав касб карда истодаанд.

Ҳарду ҷониб изҳори омодагии хешро барои густариши минбаъдаи ин ҳамкориҳо, ки бар асоси эҳтироми манфиатҳои тарафайн ва ҳамдигарфаҳмӣ идома меёбанд, таъкид намуданд.

Раванди татбиқ гардидани созишномаҳои бадастомада, ки самтҳои гуногуни ҳамкориҳои арсаи амнияту мудофиаи тарафҳоро дар бар мегирад ва кумакҳои низомию техникии Ҳукумати Покистон, ки дар тақвияти иқтидори амниятии Тоҷикистон барои мубориза бо хатарҳои минтақа нақш мегузоранд, ҷавобгӯи ниёзу манфиатҳои муштарак арзёбӣ гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти ба эътидоловарии вазъияти низомиву сиёсии Афғонистон, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Август 28, 2017 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон