Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон
ДУШАНБЕ, 18.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафар ба вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Панҷ ташриф оварданд.
Мардуми сарбаланд ва заҳматкаши ноҳияи Панҷ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти зиёд ва хушҳолии беандоза истиқбол гирифтанд.
Дар ноҳияи Панҷ нахуст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфиддинов ба сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 санги асос гузоштанд.
Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, бинои мактаб дорои 26 синфхона буда, барои 1280 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Зимни шиносоӣ бо тарҳи бино Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва меъморону сохтмончиён барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Мактаби мазкур бо дастгириҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд дар доираи лоиҳаи «Сохтмон ва барқарорсозии иншооти соҳаи маориф аз тарафи гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмонии мактабҳои миёна» сохта мешавад.
Маблағи умумии корҳои сохтмонӣ зиёда аз 15 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳудуди бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 дар ноҳияи Панҷ 2 гектарро дар бар гирифта, майдони сохтмон 2 ҳазору 500 метри мураббаъ мебошад. Тибқи лоиҳа мактаб аз 4 ошёна иборат буда, бо усули меъмории муосир бунёд карда мешавад. Дар мактаби нав тибқи лоиҳа ошхона барои 140 ҷойи нишаст, толори маҷлисгоҳ барои 250 ҷой, толори варзишӣ бо ғунҷоиши 250 ҷойи нишаст, китобхона, синфхонаҳои компютерӣ, таълими меҳнат барои духтарон ва писарон, лингафонӣ ва кабинетҳои фаннӣ бунёд гардида, корҳои сохтмонии он пас аз ба имзо расидани созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оғоз мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки айни замон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон зиёда аз 50 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ амал намуда, бо мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи нави таълимӣ имконияту шароити донишандӯзии хонандагон бештару беҳтар мегардад.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






