Президенти Тоҷикистон: «Хизмат дар сафҳои милитсия поквиҷдонӣ, эҳтиром ба қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсонро тақозо мекунад»

Август 30, 2017 10:07

ДУШАНБЕ, 30.08.2017/АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ хизмат дар сафҳои милитсияро поквиҷдонӣ, эҳтиром ба қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсонӣ дониста, зикр намуданд, ки кормандони мақомот набояд ба тамаъҷӯӣ, беэҳтиромӣ нисбат ба шаҳрвандон ва истифодаи усулҳои номатлуби таҳқиқу тафтиш роҳ диҳанд.

Президенти мамлакат зимни суханронӣ ба таълимгирандагони Академия таъкид карданд, ки онҳо бояд дар риояи талаботи қонунҳои миллӣ дар бораи танзими анъана ва расму ойинҳои миллӣ ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд низ пешсафу ташаббускор бошанд, чунки қисми зиёди муқаррароти қонунҳои зикршуда ба зиндагии ҷавонон дахл дорад.

«Ҳар кадоми шумо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки сулҳу субот ва оромиву осоиш барои ҳар кишвару миллат, махсусан барои халқи мо, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, неъмати бузургтарин маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди миллатдӯсту ватанпараст ва кулли ҷавонони бонангу номуси Ватан мебошад»,-изҳор доштанд Сарвари давлат.

Август 30, 2017 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад