Роҳбарияти Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба ҷамъбасти нимсолаи аввал нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд

Август 2, 2017 12:00

ДУШАНБЕ, 2.08.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Пагоҳ, 3 августи соли 2017 мутобиқи нақша нишастҳои матбуотии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2017  доир карда  мешаванд.
Нишасти матбуотии роҳбарияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 август соати 9:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 40) таъйин шудааст.
Роҳбарияти  Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони воситаҳои ахбори омма 3 август соати 9:00 дар бинои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Сино, 126) мулоқот мекунад.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 август соати 11:00 журналистонро ҷиҳати иштирок дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар шашмоҳаи аввали соли равон ба бинои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват кардааст (ш. Душанбе, к. Ҷалол Икромӣ, 7).
Нишасти матбуотии Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» 3 август соати 11:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар»  баргузор мешавад.
Хотиррасон менамоем, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои мамлакат баъд аз ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳа ва солона ҳар сол ду маротиба нишастҳои матбуотӣ баргузор карда, ба саволҳои намояндагони ВАО   посух медиҳанд.

Август 2, 2017 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад