Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон
ДУШАНБЕ, 04.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардуми шукргузору ваҳдатсарои ноҳия бо рӯҳияи баланд, самимияти беандоза ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Сарвари давлат, ки ба нафъи давлату миллат равона шудаанд, истиқбол гирифтанд.
Дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагиҳои кишоварзии деҳоти ба номи Талбак Садриддинов ташриф оварда, бо фаъолияти ибратбахши деҳқонон, ки дар парвариши сабзавоту полезӣ, пахта, боғдорӣ ва истеҳсоли дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ таҷрибаи ғанӣ доранд, шинос шуданд.
Зимни тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаи фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд дода, рушди бахши кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ маънидод намуданд.
Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, танҳо бо меҳнати ҳалолу фидокорона ва иҷрои ҳадафҳои бобарори Ҳукумати мамлакат мо метавонем ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ- таъмини амнияти озуқаворӣ ноил шавем ва бо ин роҳ сатҳи зиндагии мардумро аз ин ҳам беҳтар намоем.
Тавре ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазор хоҷагиҳои кишоварзӣ амал менамоянд. Соли равон дар майдони 8 ҳазору 532 гектар бо истифода аз таҷрибаи пешрафта кишти зироати гуногунро ба роҳ мондаанд.
Ба таъкиди кишоварзони ноҳия, соли ҷорӣ бо роҳи зиёд намудани майдони кишт истеҳсоли маҳсулот низ афзоиш ёфта, он барои расидан ба натиҷаҳои назаррас, пеш аз ҳама, истифодаи самараноку оқилонаи замин ва аз худ кардани роҳу усулҳои нави парвариши зироат мусоидат намуд.
Ҳамзамон фароҳам овардани шароит барои деҳқонон, аз қабили дастрас намудани техникаҳои муосири кишоварзӣ, қарзҳои имтиёзнок ҷиҳати пешбурди кор ва гирифтани ҳосили дилхоҳ заминаи воқеӣ ба вуҷуд овардааст.
Ҳамин аст, ки соли равон кишоварзони ноҳияи Шаҳритус 7 ҳазору 819 тонна ғалладонагӣ, 23 ҳазору 372 тонна сабзавот, 2 ҳазору 490 тонна картошка, 18 ҳазору 929 тонна полезӣ, 2 ҳазору 765 тонна мева ва 1 ҳазору 366 тонна ангур ҷамъоварӣ намуда, бо истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои корам дар фаровонию арзонии маҳсулоти кишоварзӣ саҳм мегузоранд.
Имрӯзҳо хоҷагидорон дар баробари таъмини бозори дохилӣ маҳсулоти кишоварзиро ба хориҷи кишвар низ содирот мекунанд.
Аз аввали соли равон то имрӯз аз ноҳияи Шаҳритус беш аз 4 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили сабзавот, полезӣ, пиёз ва мева ба хориҷи кишвар содир карда шудааст.
Бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми содироти мева низ дар ноҳия корҳо натиҷаҳои хуб доранд. Дар ноҳия танҳо дар соли ҷорӣ 55 гектар боғу токзори нав бунёд карда шудааст, ки оянда ин тадбир дар афзун гардидани ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ нақши асосӣ хоҳад гузошт.
Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шароит ва иқлими ноҳияи Шаҳритус барои аз як замин гирифтани то се ҳосил басо мувофиқ аст ва ин таҷриба дар давоми солҳои охир нишон дод, ки хоҷагидорон аз ҳисоби кишти такрории дуюм ва сеюм, ҳамчунин дар як вақт кишт намудани ду-се навъи зироат дар як қитъа аз лиҳози иқтисодӣ манфиати бештар ба даст оварданд. Бо ин роҳ фаровонии маҳсулот дар бозорҳои дохилӣ таъмин гардида, барои сокинони маҳаллӣ ҷойҳои нави корӣ низ ташкил карда мешаванд.
Дар намоишгоҳ ҳамчунин зотҳои гуногуни чорво ба маъраз гузошта шуда буд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиёд намудани саршумори чорво, ки манбаи асосии таъмини аҳолии ноҳия бо гӯшту шир ба ҳисоб меравад, ба масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар хоҷагиҳои чорводории ноҳия 776 сар чорвои калони шохдор, 18 ҳазору 421 сар моли майда, 100 сар асп, 12 ҳазору 500 сар парранда ва 280 оилаи занбӯри асал мавҷуданд.
Зимни шиносоӣ бо заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии ба номи «Нарзуллобобо», «Алланазар» ва «Усто Муҳаммадӣ»-и ноҳияи Шаҳритус маълум гардид, ки кишоварзон баъди ҷамъоварии ҳосили ғалла, полезӣ ва пиёз кишти такрории картошка, маккаи дон, сабзӣ, помидор ва бодирингро ба роҳ монда, дар парваришу нигоҳубини зироат, аз ҷумла риояи қоидаҳои агротехникӣ тавсияҳои олимони соҳаро ба кор мебаранд.
Соли равон хоҷагидорони панҷ деҳоти ноҳия дар майдони 2 ҳазору 915 гектар кишти такрории зироати кишоварзиро анҷом доданд, ки аз ин 1386 гектарро ғалладонагӣ, 169 гектар сабзавот, 2 гектарро картошка, 267 гектарро полезӣ ва 143 гектарро зироати техникӣ, аз қабили офтобпараст, кунҷит ва чормағзи заминӣ ташкил медиҳанд. Дар ин самт фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳия назаррас буда, кишоварзони хоҷагиҳо дар парвариши зироат ва рӯёнидани ҳосили фаровон таҷрибаи ғанӣ доранд.
Пахтакорӣ яке аз самтҳои асосии кори кишоварзони ноҳияи Шаҳритус ба ҳисоб рафта, хоҷагидорон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони кишти ин навъи зироати техникиро ба маротиб зиёд менамоянд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки соли равон дар ҳамаи хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия дар майдони 5 ҳазору 250 гектар пахта кишт намуданд, ки мутахассисони соҳа ҳосили интизориро аз ҳар гектар 40 сентнерӣ пешгӯӣ мекунанд. Хоҷагидорон аслан пахтаи навъи «Тоҷикистон», «Хатлон-2014», «Сорбон», «Флеш», «Кармен» ва дигар намуди ба иқлими ноҳия тобовар ва ҳосилхезро кишт кардаанд, ки ҷамъоварии он дар минтақаи Айвоҷи ноҳияи Шаҳритус рӯзҳои наздик ва дар деҳоти дигари он баъди 15-20 рӯз оғоз мегардад.