Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Баҳор-1»-и ноҳияи Дӯстӣ

Август 17, 2017 12:22

ДУШАНБЕ, 17.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории худ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҷиликул аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Баҳор-1» дидан намуданд.

Шуғли асосии хоҷагии мазкур боғдорӣ буда, саҳмдорони он бештар меваҳои ситрусиро парвариш мекунанд. Хоҷагии номбурда дар ихтиёри худ 2 гектар замин дошта, дар як гектари он боғ бунёд намудаанд, ки ниҳоли дарахтони анор, шафтолу, ангур ва дигар навъи меваҷот ҳосили фаровон доданд. Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, феълан дар ноҳияи Дӯстӣ беш аз 1000 гектар боғҳои ситрусӣ мавҷуд аст, ки ҳамасола боғдорони ноҳия аз ин ҳисоб ҳосили баланд ба даст меоранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли заҳмат ҷиҳати рушди соҳаи боғдорӣ, нигоҳубини дурусти дарахтони мева, барқарор кардани боғҳои кӯҳна, васеъ намудани майдони боғот ва гирифтани ҳосили баланду содироти он ба хориҷи кишвар маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар ҳаминҷо намоишгоҳи маҳсулоти кишваорзии меҳнаткашони ноҳияи Дӯстӣ доир карда шуд, ки аз фаровонии ҳосили сабзавоту меваҷот дарак медод. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии деҳқонони ноҳия дидан карда, ба кори ибратбахши аҳли захмат баҳои баланд доданд.

Соли ҷорӣ кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ дар майдони қариб 15 ҳазор гектар замин кишт гузаронида, ҳосили баланди сабзавот, аз қабили пиёз, картошка, ғаладонагиҳо, полезӣ ва ғайра ба даст оварданд. Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар майдони беш аз 2 ҳазор гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида, 13 ҳазору 287 тонна ҳосил ба даст оварданд.

Ҳамчунин занбӯрпарвариву моҳипарварӣ низ дар ноҳия рушд карда, истеҳсоли асал ба 8,1 тонна, моҳӣ то 20 тонна расонида шуд. Меҳнати шабонарӯзии аҳли заҳмат имкон дод, ки фаровонии маҳсулот дар ноҳия таъмин гардад ва барои зиндагии шоистаи мардум заминаи хуб фароҳам оварад.

Бо мақсади саҳмгузоштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти олии кишвар ба ҳисоб меравад кишоварзони ноҳия кӯшиш бар он менамоянд, ки аз як қитъа замин ду-се ҳосил ба даст оранд. Айни замон дар ноҳияи Дӯстӣ зиёда аз ду ҳазор хоҷагии деҳқонӣ амал менамояд, ки истеҳсоли меваҷот, полезӣ, сабзавот ва зироати ғаладонагӣ нисбат ба чанд соли қаблӣ ба маротиб афзудааст.

Шиносоӣ аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии "Баҳор-1"-и ноҳияи Дӯстӣ 17.08.2017

Август 17, 2017 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мулоқоту чорабиниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Покистон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада