Ҳадафи тағйиру иловаҳо муҳофизати манфиатҳои қонунии фарзандони ноболиғ мебошад

Сентябрь 25, 2017 16:26

ДУШАНБЕ, 25.09.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мувофиқи маълумоти хадамоти матбуоти Парлумони мамлакат, дар ҷаласаи Шӯро таъкид гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси  қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

«Лоиҳаи мазкур бо мақсади аз байн бурдани мухолифати қонунгузорӣ ва муҳофизати манфиатҳои қонунии фарзандони ноболиғ ва падару модари ғайри қобили меҳнат, инчунин иҷрои санадҳои судӣ таҳия шудааст. Зеро таҳлилҳо нишон доданд, ки қарздорон аз муҳлати муқарраргардидаи қонун зиёдтар маблағро барои таъминоти фарзандони ноболиғ насупорида бошанд ҳам, бо супоридани як қисми ночизи он маблағ аломати саркашӣ дар кирдорашон аз байн рафта, вобаста ба ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз намегардад»,-афзуд манбаъ.

Тибқи лоиҳа ба моддаи 178 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намудани эзоҳ пешниҳод шудааст, ки мутобиқи он дар моддаҳои 177 ва 178  Кодекси мазкур бадқасдона саркашӣ  намудани падару модар аз таъминоти фарзандон ва фарзандони болиғи қобили меҳнат аз таъминоти падару модари ғайри қобили меҳнат, ҳамаи кирдорҳои қарздор, ки ба иҷро нагардидани ҳуҷҷати иҷро равона гардидааст ва он боиси ба вуҷуд омадани қарздорӣ новабаста аз давраи пардохт дар ҳаҷме, ки он дар маҷмӯъ маблағи муқаррар гардидаи пардохтро барои се моҳ ташкил медиҳад, фаҳмида мешавад.

Дар Шӯро ҳамчунин роҷеъ ба даъват намудани ҷаласаи якуми иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ва  лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзномаи ҷаласаи якуми иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарори дахлдор қабул карда шуд.

Аз рӯи масъалаҳои баррасишуда раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Эмомалӣ Насриддинзода, Шариф Раҳимзода ва дигар аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон андешаву пешниҳодҳои худро иброз доштанд.

Сентябрь 25, 2017 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид