Ба истифода додани Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин
ДУШАНБЕ, 13.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон дар маҳаллаи Ҷавонони ҷамоати деҳоти Шӯрообод бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот оғози расмӣ бахшиданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ дар корхонаи коркарди меваю сабзавот ва коргоҳи дӯзандагӣ соли равон оғоз гардида, дар як муддати кӯтоҳ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуданд. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур асосан мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида буданд.
Бинои дуошёнаи корхонаи саноатӣ бо фармоиши Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қомат афрохта, бо сабку услуби муосири меъморӣ ба ин гӯшаи зебои кишвар ҳусни дигар зам намуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгоҳу технологияи муосири корхона ва басту банди маҳсулоти ватанӣ шинос гардида, бо кормандон суҳбати озоду самимӣ доир карданд.
Корхонаи мазкур имкон дорад дар як шабонарӯз 1 тоннаву 500 килограмм маҳсулоти боғдоронро коркард ва басту банд намояд.
Дар назди ин коргоҳ сардхона низ ҷойгир мебошад, ки дар он 200 тонна маҳсулоти боғпарваронро захира мекунанд.
Тавре зикр гардид, барои корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизонидани иншоот бо технологияи пешрафта 6 миллион сомонӣ харҷ гардида, бинои хуштарҳ дар майдони 0,48 садяк замин сохта шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки таҷҳизоти Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коргоҳи мева аз Германия ворид карда шуда, аз ҷониби мутахассисони ватанию хориҷӣ васлу насб гардидаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаи дуюми бино бо чеварони коргоҳи дӯзандагӣ суҳбати самимӣ доир намуданд.
Занону духтарони хонашин дар ин коргоҳ бо мошинаҳои дарздӯзӣ таъмин шуда, ба омода намудани либосҳои гуногун машғуланд.
Чеварони ин коргоҳ пеши худ мақсад гузоштаанд, ки дар оянда дар таъмини хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо либосҳои ягонаи мактабӣ саҳми худро гузоранд. Бинои номбурда дорои ҳуҷраҳои алоҳидаи корӣ, 3 толор ва 5 ҳуҷра бо масоҳати умумии 782 метри мураббаъ мебошад.
Бо ифтитоҳи иншооти нав 22 нафар дар корхонаи коркарди меваю сабзавот ва 130 нафари дигар дар коргоҳи дӯзандагӣ бо шуғли доимӣ ва маоши хуб ва дар маҷмӯъ 160 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






