«БА ВАТАН ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Филми шабакаи телевизиони «Тоҷикистон» дар Фестивали байналмилалии «ТЭФИ Иттиҳод 2017» дар Минск соҳиби ҷоиза гардид

Сентябрь 20, 2017 17:43

ДУШАНБЕ, 20.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойтахти Ҷумҳурии Беларус — шаҳри Минск 7-умин Фестивали байналмилалии телевизионӣ – «ТЭФИ Иттиҳод-2017» баргузор гардид, ки дар он намояндагони 19 шабакаи телевизионӣ аз 12 кишвари аъзои ИДМ ва хориҷаи наздик иштирок намуда, беш аз 20 филми ҳуҷҷатии худро  пешниҳоди  ҳакамон ва иштирокдорон намуданд.

Тавре аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  намояндагони 2 шабакаи телевизионии  Тоҷикистон дар ин Фестивал иштирок намуда, 3 филми ҳуҷҷатӣ- «Роҳи Пешвои миллат»,  «Ба Ватан хизмат мекунам!»-ро аз шабакаи телевизиони «Тоҷикистон» ва филми «Майдон»-ро  аз телевизиони «Сафина» ба  Шўрои комиссия  пешниҳод  намуданд.

Пас аз баррасӣ ва омўзиш аз ҷониби аъзои комиссия филмҳои ҳуҷҷатии номбаршуда  довталаби барандаи Фестивали «ТЭФИ-Иттиҳод-2017» эълон гардиданд.

"Ба Ватан хизмат мекунам"Баъди таҳлилии унсурҳои жанрӣ дар филм, матн, сабку услуби пешниҳод, навор ва танзим Шўрои комиссия, ки ба ҳайати он собиқадорон ва маъруфтарин  мутахассисони соҳаи телевизиони Федератсияи Россия- Сергей Майоров, Леонид Млечин, Кира Прошутинская, Алексей Побортсев, Тофик Шахвердиев шомил буданд, филми  «Ба Ватан хизмат мекунам!» («Служу Отечеству!») – и  шабакаи телевизиони  «Тоҷикистон»-ро дар қатори 10 маводи пешниҳоднамудаи кишварҳои иштирокдор  сазовори ҷоизаи Фестивали «ТЭФИ Иттиҳод 2017» дониста, онро бо диплом ва Ҷоизаи рамзии Фестивал қадрдонӣ намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки филми ҳуҷҷатии «Ба Ватан хизмат мекунам!» доир ба таърихи ташаккули Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, марҳилаҳои ислоҳоти низомӣ, болоравии иқтидори мудофиавии   3 навъи қўшуни Қувваҳои Мусаллаҳ дар зарфи 26 соли соҳибистиқлолӣ қисса мекунад.

Муовини аввали директори шабакаи телевизиони «Тоҷикистон», ҳамзамон муаллифи филм Умед Назарзода ва сармуҳаррири идораи барномаҳои «Субҳ»  Манучеҳр Ализода, ки дар ин Фестивал  иштирок доштанд,   филми ҳуҷҷатии  «Ба Ватан хизмат мекунам!»-ро  ба аъзои комиссия муаррифӣ намуданд.

Ҳамзамон дар рўзҳои баргузории Фестивал ҳамарўза дигар филмҳои озмунӣ муаррифӣ шуда, бо ташкили суҳбатҳо ҳадафу мақсадҳои асосии интихоби мавзўъҳо муҳокима мешуданд.

Хотиррасон менамоем, ки Фестивали «ТЭФИ-Иттиҳод» аз ҷониби Фонди «Академияи телевизионҳои Россия» дар ҳамкорӣ бо Фонди байналмилалии гуманитарии ҳамкории кишварҳои аъзои ИДМ ҳамасола дар яке аз кишварҳои узви Иттиҳод баргузор гардида,  ҳадафи  он фароҳам овардани фазои ягонаи иттилоотӣ дар қаламрави ИДМ ва хориҷаи наздик, мусоидат ба омўзиш ва мубодилаи таҷрибаи телевизионҳои кишварҳои иштирокдор мебошад.

Дар Фестивали навбатӣ аз телевизионҳои давлатӣ ва ҷамъиятии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон,  Озарбойҷон, Беларус, Украина, Гурҷистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Литва, Молдова, Ӯзбекистон  ва Федератсияи Россия  бо фарогирии мавзўъҳои таърихӣ, туристӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ – низомӣ дар сатҳи баланд ва ҳирфаӣ филмҳои ҳуҷҷатӣ   пешниҳод гардиданд.

Дар  Фестивали мазкур узви Академияи телевизионҳои Федератсияи Россия, барандаи барномаҳои телевизиони НТВ Сергей Майоров, роҳбари дирексияи барномаҳои таърихӣ-публицистии телевизиони ОРТ Леонид Млечин, шоу-барандаи барномаҳои фарҳангӣ Валдис Пелш бо ташкили суҳбатҳо дар мавзўъҳои «Филми ҳуҷчатӣ – оинаи ҳаёт», «Филмҳои ҳуҷҷатӣ дар асри нав», «Таърих дар экран – ҳақиқат ва тахайюлот» ва «Чӣ гуна метавон ба тамошобин фараҳ бахшид»  ба иштирокдорон дарси маҳорат  омӯхтанд.

«БА ВАТАН ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Филми шабакаи телевизионии «Тоҷикистон» дар Фестивали байналмилалии «ТЭФИ Иттиҳод 2017» дар Минск соҳиби ҷоиза гардид1«БА ВАТАН ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Филми шабакаи телевизионии «Тоҷикистон» дар Фестивали байналмилалии «ТЭФИ Иттиҳод 2017» дар Минск соҳиби ҷоиза гардид2

Сентябрь 20, 2017 17:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид