Дар минтақаи зериобшавандаи НБО-и «Роғун» барои муҳоҷирон 2 мактаби замонавӣ ба истифода дода шуд

Сентябрь 16, 2017 12:32

ДУШАНБЕ, 16.09.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳоҷирон аз минтақаи зериобшавандаи  НБО-и «Роғун» дар деҳаи Сайидони болои ҷамоати деҳоти Сичароғи шаҳри Роғун муассисаи таълимии дорои  320 ҷойи нишаст ва дар деҳаи Ёли гармобаи ҷамоати деҳоти Қади об барои 320 нафар хонанда дар як баст мактабҳои замонавиро ба истифода дод.

Тавре аз шуъбаи маорифи шаҳри Роғун ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, барои сохтану таҷҳизонидани муассисаҳои таълимии ин ду ҷамоати шаҳри Роғун 19 миллиону 500 ҳазор сомонӣ масраф шудааст. Муассисаҳо аз ду ошёна иборат буда, дорои синфхона, кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳо, утоқи созмони талабагон, толори варзиш, китобхона, ошхона, ҳуҷраи тиббӣ ва  майдони варзишӣ  мебошанд.

Сентябрь 16, 2017 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

30 сохтмончии Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид
«РОҒУН» — ИФТИХОРИ ҲАР ФАРДИ ТОҶИКИСТОН. Ҳайати Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба тамошои ин неругоҳ рафт
Валиаҳди Шоҳигарии Негери-Сембилани Малайзия: «Таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаи НБО-и «Роғун» шоистаи таҳсин аст»
Дар Тошканд ҷаласаи машваратии давлатҳои наздисоҳилӣ доир ба маблағгузории устувори лоиҳаи НБО «Роғун» баргузор гардид
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафтанд
Мутахассисони соҳаи энергетикаи Қирғизистон бо Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
Ҳайати вакилони Парлумони Иттиҳоди Аврупо ба бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» баҳои баланд дод
Лоиҳаҳои сохтмони НБО-и «Роғун» ва таҷдиди НБО-и «Норак» бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«РОҒУН» — БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ин неругоҳ барои Тоҷикистон аҳаммияти ҳаётӣ ва сарнавиштсоз дорад
Бо пурра ба истифода додани неругоҳи «Роғун» дар Тоҷикистон истиқлолияти энергетикӣ таъмин мегардад
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» роботи махсуси кафшерӣ ба истифода дода шуд
Беш аз 15 ҳазор оилаҳои дар минтақаи зериобшавандаи НБО «Роғун» қарордошта бо манзили доимии зист ва қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд