ДУШАНБЕ — ШАҲРИ ҲУШМАНД. Бонки миллии Тоҷикистон нақшаи лоиҳаи рушди пойтахтро таҳти унвони «Smart City» ҷонибдорӣ кард
ДУШАНБЕ, 15.009.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар мулоқоти муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев бо аъзои лоиҳаи «Инфрасохтори шаҳрӣ ва рушди иқтисодӣ»-и Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) масоили омодасозии инфрасохтори шаҳри Душанбе ба сифати «шаҳри ҳушманд» (Smart City) баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз БМТ хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ба ҳайати Британия сармутахассиси бахши хусусӣ – Дэвид Эллиот, роҳбари гурӯҳи рушди иқтисодӣ — Николас Майлс ва мутахассиси банақшагирии инфрасохтори шаҳрӣ– Зойе Грин шомил буданд.
Дэвид Эллиот иброз дошт, ки Барномаи «Инфрасохтори шаҳрӣ ва рушди иқтисодӣ», ки аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир маблағгузорӣ мешавад, барои рушди инфрасохтор ва иқтисоди шаҳри Душанбе нигаронида шудааст.
Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев муҳимияти рушди инфрасохтори пойтахтро ба сифати «шаҳри ҳушманд» ҷонибдорӣ карда, самтҳои афзалиятноки рушди молиявӣ, аз ҷумла, роҳандозии воситаҳои муосири пардохт ва хизматрасониро бо назардошти таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ, истифодаи иқдомҳои инноватсионӣ дар соҳаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ (дар нуқтаҳои савдо ва нақлиёти ҷамъиятӣ), ҷорӣ кардан ва рушди интернет-банкинг, мобайл-банкинг, инчунин рушди бозори хизматрасониҳои суғурта, хусусан дар бахши иҷтимоиро зикр намуд.
Зимни мулоқот имкониятҳои боз ҳам фарохтар намудани барномаи мазкур ва пайваст намудани дигар шаҳрҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи номбурда муҳокима гардиданд.
Таъкид гардид, ки ҷонибҳо дар оянда барои ҳамкории мутақобилаи судманд аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳанд бурд.








31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд






