ҲЕҶ ЛАЗЗАТЕ ГУВОРОТАР АЗ ЛАЗЗАТИ КИТОБХОНӢ НЕСТ. «Эпилог»-и шабакаи телевизионии «Сафина» ба фарҳанги китобхонӣ умри дубора мебахшад (Ба Рӯзи китоб бахшида мешавад)

Сентябрь 4, 2017 16:56

ДУШАНБЕ, 04.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Онҳо оҳувони ҳанӯз ҷонашон набаромадаро сар мебуриданд. Он оҳувоне, ки маҷрӯҳ шуда буданд ва аз паси ӯ медавиданд, онҳоро низ мекуштанд. Вазифаи онҳо аз он иборат буд, ки онҳо оҳувони хуншорро аз пояшон гирифта, ба бордон партоянд. Аллакай бордон аз оҳувони кушташуда мисли як кӯҳ шуда буд. Набард хеле шадид идома дошт. Мошин миёни оҳувони девонагашта сахт ҳаракат мекард. Қотилон бо тир ба оҳувон ҳуҷум мекарданд, мекуштанд, нобуд мекарданд. Модагург ин ҳамаро аз масофаи дур тамошо карда, ба даҳшат омада буд. Гӯшҳои ӯ аз садои тирҳо кар шуда буданд, ҳеҷ садоро намешунид. Гӯё қиёмат қоим шуда буд…»   Ин пораҳо аз романи «Қиёмат»-и Чингиз Айтматов ҳастанд, ки дар барномаи «Эпилог» аз шабакаи телевизионии  «Сафина» садо доданд. Ва бо идомаи ин қисса, ба гуфтаи ровии ин барнома Фурқати Низом, тамошобин метавонад бо хондани ин асар   ошно гардад.

Эпилог 2Нависандаи франсуз Виктор Ҳюго гуфта буд: «Барои нобуд кардани як фарҳанг ниёзе нест, ки китобҳоро сӯзонед, кофист коре кунед, ки мардум онҳоро нахонанд». Дар ҳоли ҳозир бо пешрафти илму техника ва фановариҳои наву замонавӣ яке аз масъалаҳои мубрам ва доғи рӯз ин камтаваҷҷуҳии мардум, бахусус ҷавонон ба мутолиаи китоб аст. Баҳри ҷалби доираи васеи хонандагон ба китобу китобхонӣ Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» дар якҷоягӣ бо Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи «Эпилог»-ро ба роҳ мондаанд, ки ин барнома дар ҷалб ва рӯ овардани доираи васеи мардум ба китобу китобхонӣ нақши арзишманди хешро  хоҳад гузошт.

«Мо ба бинанда намегӯем, ки китоб хонед, балки коре мекунем, то мардум, бинанда худ ба китобхонӣ рӯ оварда, китоб хонанд,  ин ё он китобро ҷустуҷӯ кунанд. Мақсади барномаи «Эпилог» ҳам маҳз дар ҳамин аст. Мо дар барнома ҷойҳои ҷолиби китоб, воқеаҳоеро, ки барои хонанда, бинандаву шунаванда ҷолибанд, нақл мекунем. Ҷойҳои ҷолиби китобро мо ба таври нопурра ба самъи бинанда мерасонем ва дар як нуқтаи ҳалкунандаву ҷаззоби қисса   ист мекунем. Мутолиаи давоми қиссаро ба худи тамошобин вомегузорем»,-мегӯяд ровии  барнома Фурқати Низом.

Эпилог 232Ба гуфтаи Фурқати Низом, аллакай барномаи «Эпилог» миёни бинандагон, алалхусус ҷавонон мавқеи хосса пайдо намудааст. Алоқамандон торафт бештар ба идораи барнома занг зада, истифодаи ин ё он китоби бадеиро ба таҳиягарони барнома тавсия медиҳанд. «Идеяи таҳияи ин гуна барнома аз ҷониби коргардони телевизиони «Сафина» пешниҳод шуд ва мо дар ҳамкорӣ бо ӯ ба таҳияи ин барнома пардохтем. Барномаи «Эпилог»  дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон фаъолият мекунад ва аксари барномаҳо дар Китобхонаи миллӣ сабт мегарданд»,-мегӯяд ровии барнома.

Фурқати Низом мақсади барномаро дар ҷалби ҷомеа, бахусус ҷавонон ба хондани китобҳои бадеӣ медонад. Чун, ба гуфтаи ӯ, имрӯз ба мушоҳида мерасад, ки аксари сокинон аз китобу китобхонӣ рӯ гардонидаанд ва бештар ин раванд миёни ҷавонон ба чашм мерасад, ки омили нохушоянд аст. «Мо бештар мехоҳем, ки ҳангоми пешниҳоди барномаи худ, ба қавле, ба торҳои  эҳсоси тамошобин  нохун бизанем. Ва барои ҷалби бештари мардуми кишвар ҷиҳати ошноӣ пайдо кардан бо ин барнома ва рӯ овардан ба мутолияи китобҳо мо нақша дорем барномаро дар интернет, аз ҷумла  шабакаҳои иҷтимоӣ пахш намоем, то нафарони зиёд имкони тамошои онро  пайдо кунанд»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи бузургон, ҳеҷ лаззате дар олам гуворотар аз лаззати китобхонӣ нест. Барномаи «Эпилог», навобаста ба таърихи кутоҳ  фаъолияти 4- моҳаи худ, то имрӯз   50 китобро муаррифӣ кардааст. 50 асаре, ки  пешниҳоди тамошобини тоҷик гардидаанд, метавонанд дар бедор гаштани шавқу рағбати  китобхонӣ миёни хонандаи тоҷик нақши назаррас гузоранд.

Шаҳлои САДРИДДИН

Сентябрь 4, 2017 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон» аз чоп баромад
Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт