«Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
ДУШАНБЕ, 21.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як Сарвари ташаббускор шинохта шудааст. Собиқ Дабири кулли СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро «пешгоми ташаббусҳои вобаста ба об» номида буд, ки ин унвони бисёр баланд аст. Матлаби мазкурро Абдуғаффор Камолов, мушовири Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоише, ки имрӯз дар Душанбе дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият» баргузор гардид, баён кард.
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони ҳамоиш буда, дар он донишмандону коршиносони кумитаю ниҳодҳои гуногуни Тоҷикистон ширкат намуда, андешаҳои худро роҷеъ ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият баён карданд.
Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди амалӣ сохтани сиёсати хориҷии бисёрсамтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар зарфи як соли охир муҳим ва муваффақона арзёбӣ намуд. Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиши роҳбарони кишварҳои аъзои БРИКС дар Чин, иштирок ва суханронии Пешвои миллат дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк, ки ба масъалаҳои глобалии сайёра дахл намуданд, бори дигар аз сиёсати хориҷии пешгирифтаи Сарвари давлати тоҷикон ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон шаҳодат медиҳад.
Дар ҳамоиш мушовири Раёсати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Камолов, ки дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон-асосгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистони мустақил» маърӯза кард, зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самти сиёсати хориҷии худ таваҷҷуҳи махсус медиҳад. Зикр гардид, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати «дарҳои боз» аст, дар замони Истиқлолияти давлатии кишвар аз сифр оғоз гардида, бори нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлати мустақил 29 сентябри соли 1993 аз минбари баланди СММ сухан карда, ҷаҳониёнро аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ намуданд. Дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатӣ сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфта, Тоҷикистон бо ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ, хусусан иқдомҳои ба соҳаи об нигаронидашуда ҳамчун кишвари пешсаф дар арсаи байналмилалӣ мақоми шоиста касб кард. Имрӯз Тоҷикистон аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносон ҳамчун босуботтарин кишвар дар минтақа арзёбӣ гардида, аъзои 57 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад. Инчунин он 350 санади байналмилалиро ба имзо расонидааст, ки ин раванд аз дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Дар ҳамоиш ҳамзамон иброз гардид, ки ташаббусҳои роҳбари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон танҳо ба масъалаҳои об маҳдуд нагардида, Сарвари давлати мо зимни суханрониҳояшон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ доимо дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим, мубориза бо зуҳуроти номатлуб- ифротгароӣ, терроризм, қочоқи маводи мухаддир, бекорӣ, бесаводӣ, авзои Афғонистон, хусусан бозсозии он ва рӯ овардан ба «иқтисоди сабз» ҷомеаи ҷаҳониро ба муттаҳидию ҳамкорӣ даъват менамоянд, ки ин баёнгари нақш ва фаъолияти Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст.
Иштирокдорони ҳамоиш оид ба мавзӯъҳои «Давраҳои рушди сиёсати хориҷии иқтисоди кишвар дар даврони Истиқлолият», «Моҳият ва марҳилаҳои ташаккули сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Бунёдҳои назариявӣ ва арзиши сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Моделсозии манфиатҳои миллӣ дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар замони Истиқлолият» сухан карда, нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ муҳим арзёбӣ карданд.








«МАЛАКАҲОИ КАСБӢ». Дар Душанбе даври дуюми ин фестивали ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҳифзи Ватан дар ҳар давру замон вазифаи муқаддас ва пуршараф ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Суғд масъалаи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Озарбойҷон баррасӣ шуд
ТАЪСИСИ 500 ҶОЙИ НАВИ КОРӢ. Созишномаи сармоягузорӣ оид ба истифодаи панелҳои офтобӣ ба имзо расонида шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ тавр пеш аз сафар ба Русия тавассути барномаи RuID дархост фиристодан мумкин аст?
25 сол дар алоқа: оид ба ивазшавии наслҳо, рақамикунонӣ ва корҳои муҳими ба чашм ноаён
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад






