Хонандагони деҳаи дурдасти Муни ноҳияи Шуғнон соли нави таҳсилро дар бинои замонавӣ оғоз карданд
ХОРУҒ, 1.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28 ҷамоати Навободи ноҳияи Шуғнон аз бинои кӯҳна, ки дар аввали солҳои шастуми асри гузашта бунёд ёфта буд, ба бинои нав кӯчиданд.
Яке аз омӯзгорони собиқадори деҳа Даврон Сулаймонов гуфт, ки «бештар аз 50 соли умри худро ба таълиму тарбияи насли наврас сарф кардам ва ҳамеша аз тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар биноҳои хуштарҳу замонавиро дида, орзу мекардам, ки замоне расаду кӯдакону наврасони деҳаи мо ҳам дар чунин биноҳо таълим гиранд.
Имрӯз бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат мо соҳиби чунин таълимгоҳи аз ҳар ҷиҳат зебо гардидем. Илова бар ин, таълимгоҳ бо таҷҳизоти муосири технологӣ таъмин аст, ки дар шароити кунунӣ бе технологияи муосир ба воя расондани кадрҳои хубу варзида ғайриимкон мебошад. Аз ин рӯ Пешвои миллат зимни суханронӣ дар назди омӯзгорону донишҷӯёни Академияи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ бори дигар аз аҳамияти омӯзиши фанҳои дақиқ ёдовар шуда, изҳор намуданд, ки «дар ҷараёни навсозӣ бояд ба омӯзиши фанҳои дақиқ, махсусан риёзӣ ва табиатшиносӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русиву англисӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад, зеро таълими самараноки ин фанҳо барои ояндаи Тоҷикистон ниҳоят муҳим буда, вусъат ёфтани тафаккури техникиву ҷаҳонбинии истеҳсолӣ шарти зарурии рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими иқтисоди миллӣ мебошад».
Бинои мазкур бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бунёд ёфта, барои сохтмони он 3 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






