Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идона ба ифтихори 26 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 9, 2017 21:29

ДУШАНБЕ, 09.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукуҳи идона ба ифтихори 26 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат тамоми мардуми шарифи кишвар, сокинони пойтахт ва кулли ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати ҷашни мубораку муқаддаси умумимиллӣ — бистушашсолагии Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди худогоҳу худшиноси мамлакат бахту саодат ва дастовардҳои рӯзафзун орзу карданд.

Сарвари давлат зикр доштанд, ки истиқлолият ва озодӣ оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардид ва мо дар зарфи бисту шаш сол бо шарофати заҳмати софдилонаи халқ дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба натиҷаҳои намоён ноил гаштем.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз пешравиҳои ҷумҳурӣ ва тараққиёти бонизоми иқтисодиёт таъкид доштанд, ки халқи тоҷик давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишвар, аз ҷумла саноату энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва бахшҳои дигар ба дастовардҳои назаррас муваффақ шуда, дар соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус, илму маориф ва тандурустиву фарҳанг таҳаввулоти сифатиро таъмин намуд.

Дар охири суханронии хеш бо натиҷагирӣ аз дастовардҳои бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат ва бо умеди гиромидошти муқаддасоти миллӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳозирин ва дар шахси онҳо кулли мардуми бофарҳангу тамаддунофари тоҷикро бо ин санаи муҳими таърихӣ табрику таҳният гуфтанд.

Баъд аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барномаи муҳташами фарҳангии ҳунармандону ҳаваскорон ва донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ баргузор гардид.

Барномаи театркунонидашудаи ҷашнӣ иборат аз суруду таронаҳо ва саҳнаҳои ҷолиби тараннумкунандаи арзишҳои волои миллӣ дар замони 26 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури ҳозирин карда шуд, ки хеле ҷолибу диданӣ буд.

Мушакандозии бардавом анҷомбахши барномаи рангини консертӣ буд, ки хушу хотирмон сурат гирифт.

Мавриди зикр аст, ки чунин тадбирҳои бошукуҳи идона ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ — 26 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар ва берун аз он ба таври хос таҷлил карда шуд.

Иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори 26 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 09.09.2017

Сентябрь 9, 2017 21:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд