«Истиқлолият ва нақши он дар ташаккули ҳувияти миллӣ»- конференсияи илмӣ дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 06.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Истиқлолият ва нақши он дар ташаккули ҳувияти миллӣ» баргузор гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни кори конференсия хабар дод, дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, масъулини сохторҳои шаҳрӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ давоми 26 соли соҳибистиқлолӣ миллати фарҳангсолои тоҷик дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ ба дастовардҳои бузург ноил гардид. «Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат буда, он ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард»,-зикр намуд ӯ.
Дар конференсия аз ҷониби иштирокчиён дар мавзӯъҳои мухталиф, аз ҷумла «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Истиқлолият — сарчашмаи хушбахтии бонувони тоҷик», «Рушди телевизион ва радио дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Истиқлолият ҳамчун ғояи миллатофар ва давлатсоз», «Пешвои миллат ва ҷавонони ҳамсоли истиқлолият» маърузаҳо шунида шуданд.
Зикр гардид, ки ба туфайли истиқлолияти давлатӣ халқи тоҷик пояҳои фарҳанги миллиро устувор намуда, беҳтарин арзишҳои фарҳангии худро аз нав барқарор намуд.
Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳадафи конференсияи илмӣ-назариявиро пос доштани арзишҳои миллӣ, омӯзиши сабақҳои истиқлолият, огоҳ будан аз равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва аз ҷониби онҳо дуруст аз худ намудани таърихи гузаштаву ҳозираи халқи хеш, эҳтироми фарҳанг ва муқаддасоти давлатӣ маънидод намуданд.













Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид






