Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Ахим Штайнер

Сентябрь 21, 2017 01:12

ДУШАНБЕ, 21.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ню — Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Мудири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Ахим Штайнер мулоқот намуданд.

Дар мулоқот масоили вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид изҳори қаноатмандӣ намуда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми барномаи рушд дар ҳалли ниёзмандиҳои кишвари мо баҳои баланд доданд.

Ахим Штайнер дар рафти мулоқот аз ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли мушкилоти умдаи замони муосир ёдовар шуда, мавқеи пойдор ва нақши пешоҳангию пешсафии Сарвари давлати тоҷиконро дар амалигардии барномаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсолаи Созмони Милали Муттаҳид ба таври шоиста арзёбӣ намуд.

Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба масоили рӯзмарраю мавриди таваҷҷуҳ, аз қабили иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги иҷтимоию иқтисодӣ, мусоидат ба иҷрои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, Рӯзномаи 2030 ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, ҳалли масоили глобалии марбут ба об ва тағйирёбии иқлим, барқарорсозӣ ва рушди инфрасохтори зарурии ҳаёт ва тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи маориф табодули афкор намуданд.

Ҳамфикрии мусоҳибон ҳамчунин дар масъалаҳои муҳими дигари ҳамгироиҳои байналмилалӣ, ба монанди мубориза бар зидди терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон, коррупсия ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ таъкид карда шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамдастию муносибатҳои дӯстонаю манфиатбори Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар оянда низ самимию судманд боқӣ хоҳанд монд.

Мулоқот бо Мудири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Ахим Штайнер 21.09.2017

Сентябрь 21, 2017 01:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд