Мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Сентябрь 17, 2017 12:19

ДУШАНБЕ, 17.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар ҳошияи маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқоти дуҷониба намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидои мулоқот ба Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои даъвати иштирок дар маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёсӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, тамоми мардуми туркманро ба ин рӯйдодҳои муҳими варзишӣ табрик гуфтанд.

Таъкид гардид, ки ингуна чорабинии муҳташами варзишӣ дар Осиёи Марказӣ бори нахуст баргузор мегардад ва умед аст, ки он ба рушди соҳаи варзиш ва оммавияти бештари он дар минтақа такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Муколамаҳои пайвастаи ду кишвар дар сатҳи олӣ дар рушди ҳамкориҳои дӯстонаи миёни Тоҷикистону Туркманистон муҳим арзёбӣ гардид.

Зикр шуд, ки Тоҷикистону Туркманистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамкориҳои хубу дӯстона доранд ва кишварҳо омодаанд, то бо истифода аз фурсату имконоти мавҷуда барои ҳалли мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ муносибатҳоро дар ин самт боз ҳам тақвият бахшанд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки дар ин самт кишварҳо имконоти зиёд доранд, ёдовар шуда, баргузории комиссияҳои байниҳукуматиро дар ин ҷода муҳим арзёбӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки ҷиҳатҳои асосии рушди ҳамкориҳои иқтисодии миёни ду кишварро соҳаҳои энергетика, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва соҳаи туризм дар бар мегирад.

Ҷонибҳо иброз доштанд, ки Тоҷикистону Туркманистон имрӯз имконот ва лоиҳаҳои зиёдеро барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика доранд.

Дар ҳамин замина аз сохтмони хати лӯлаи гази Туркманистон – Ӯзбекистон – Тоҷикистон – Қирғизистон – Чин ва лоиҳаи бунёди роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон ёдоварӣ гардид.

Дар мулоқоти дуҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон дар дигар бахшҳои муҳими хоҷагии халқ ҳам мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 17.09.2017

Сентябрь 17, 2017 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсиониро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи маориф ва як корхонаи саноатиро дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо 100 кас аз ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои фаннию байналмилалӣ ва ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои баландошёнаи истиқоматии хайриявии Эҳсонро бо маркази савдо ва хизматрасонӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар ҶДММ «Шифобахши Аср»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 7 муассисаи соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуда, бо лоиҳаҳои бунёди 4 муассисаи соҳаи маориф ва 1 иншооти соҳаи варзиш шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва маркази инкишофи кӯдакро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ ба фаъолияти Корхонаи макарони «Руми Паста» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корхонаи орди ба номи Маҷид Ҳафизовро ифтитоҳ намуданд