Мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо

Сентябрь 21, 2017 01:29

ДУШАНБЕ, 21.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо мулоқоти самимӣ ва созанда анҷом доданд.

Таъкид гардид, ки имсол аз барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Канада 25 сол сипарӣ мешавад ва дар ин давра ҳамкориҳои байнидавлатӣ, ки дар асоси усулҳои ҳусни эҳтиром, эътимод ба ҳамдигар ва эътирофи мутақобилаи манфиатҳо оғоз ёфтаанд, дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ рушду такомул пайдо кардаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон кумакҳои Канадаро ба сохторҳои қудратӣ, таҳкими марз бо Афғонистон, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дастгирии фаъолияти Коллеҷи марзбонии САҲА дар Тоҷикистон, ширкати коршиносони кишвари Канада дар татбиқи лоиҳаҳои ҳаётан муҳим барои Тоҷикистон ва Афғонистон баланд арзёбӣ менамояд.

Барои тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, нақлиёт, технологияҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, амнияту бехатарӣ ва идоракунии сарҳад фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.

Дар робита ба хатару чолишҳои афзояндаи ҷаҳони муосир ҳарду ҷониб зарурати тақвияти ҳамгироиҳои байнидавлатиро дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва қочоқи маводи мухаддир таъкид намуданд.

Табодули афкори судманд ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо сурат гирифт.

Мулоқот дар рӯҳияи созанда ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо даъват ба амал оварданд, ки дар фурсати барояш муносиб аз Тоҷикистон боздид намояд.

Мулоқот бо Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо 21.09.2017

Сентябрь 21, 2017 01:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд