Мусодираи сиккаи нуқрагини дорои арзиши таърихию фарҳангӣ аз мусофири хатсайри «Хуҷанд-Москва»

Сентябрь 15, 2017 09:36

ДУШАНБЕ, 15.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми  гузаронидани назорати гумрукии хатсайри №960, самти «Хуҷанд — Москва» бағоҷи дастии шаҳрванд Д.Н. аз назорати гумрукӣ гузаронида шуд. Дар ин бора аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ  «Ховар» хабар доданд.

Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили сумкачаи мардонаи чармини рангаш сиёҳ як адад сикка (танга)-и рангаш нуқрагин бо навиштаҷот дар тарафи аввал «Б.М. Павел II М II И Само Д-Все Росс», дар тарафи дуюм «Монатарубл 1796 года» дарёфт ва гирифта шуд, ки номбурда мехост онро ғайриқонунӣ  аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронад.

14.09.2017_2Мувофиқи хулосаи ташхиси таърихии фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиккаи нуқраранги барои ташхис пешниҳодгардида дорои арзиши таърихию фарҳангӣ буда, бе иҷозатномаи мақомоти ваколатдор интиқоли он аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ мебошад.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур нисбат ба шаҳрванд Д.Н. бо моддаҳои 32, қисми 3-289, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеъияти тафтишотӣ ба прокуратураи вилояти Суғд исрол карда шуд.

Сентябрь 15, 2017 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад