Номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 7, 2017 21:10

ДУШАНБЕ, 07.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба фарорасии ҷашни 26-мин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони созмонҳои молиявию ҷамъиятӣ номаҳои шодбошӣ ворид гардиданд.

 

Аз ҷумла дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Шуморо бо ҷашни миллӣ – Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Муносибатҳои Россия ва Тоҷикистон дар рӯҳияи иттифоқӣ ва шарикии стратегӣ бомуваффақият рушд мекунанд. Муколамаи созандаи сиёсӣ ва ҳамкории судманд дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, илму техника, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо ба роҳ монда шудааст. Москва ва Душанбе дар ҳалли масоили мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамкории самаранок доранд.

Итминон дорам, ки мо бо талошҳои муштарак тақвияти минбаъдаи тамоми маҷмӯи робитаҳои шарикии миёни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоем. Ин комилан ҷавобгӯи манфиати мардумони дӯсти мо аст ва дар маҷрои таҳкими амният ва субот дар Осиёи Марказӣ ҷараён дорад.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиатон муваффақият, инчунин ба тамоми ҳамватанонатон – сулҳ ва некуаҳволӣ таманно дорам».


Си
Ҷинпин — Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар номаи табрикотии худ ба унвонии Пешвои миллат чунин менависад:

«Ҷаноби Олӣ,

Иҷозат фармоед аз номи мардуми Чин ва шахсан аз номи худам ба Шумо ва мардуми дӯсти тоҷик ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёт изҳор намоям.

Дар давоми 26 соли аз рӯзи истиқлолият таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо дар Тоҷикистон суботи сиёсӣ ва рушди босуръати иқтисодӣ ба назар мерасад, сатҳи зиндагии мардум ба таври назаррас беҳтар мешавад, нуфуз дар корҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баръало боло меравад. Ҷониби Чин аз ин самимона хушҳол аст.

Чанде пеш Шумо ба Чин сафари давлатиро бомуваффақият анҷом додед ва дар Муколамаи кишварҳои БРИКС ва панҷ кишвари рушдёбанда иштирок кардед.

Мо бо Шумо музокироти судманд анҷом додем, якҷоя ба сатҳи шарикии стратегии ҳамаҷониба баровардани муносибатҳои дуҷонибаамонро эълон доштем ва доир ба тақвияти ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногун созишномаҳои муҳим ба имзо расонидем. Ман ба рушди муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон аҳамияти бузург медиҳам ва омодаам, ки якҷоя бо Шумо талошҳои муштаракро, ки ба таҳкими дастгирии муттақобилаи кишварҳоямон ва ба тавсеаи ҳамкорӣ дар сохтмони «Як камарбанд ва як роҳ» ба манфиати кишварҳо ва мардумонамон равонаанд,  ба роҳ монам.

Ба кишвари Шумо шукуфоӣ ва қудрат, ба мардуми тоҷик хушбахтӣ ва некуаҳволӣ таманно дорам».


Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп дар барқияаш гуфтааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент!

Табрикоти самимии маро ба шарофати таҷлили Рӯзи Истиқлолияти  Чумҳурии Тоҷикистон, ки  9-уми сентябр ҷашн гирифта мешавад, бипазиред.

Иёлоти Муттаҳида яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Истиқлолияти Тоҷикистонро соли 1991 эътироф намуд, ва мо Истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро собитқадамона дастгирӣ менамоем.

Дар арафаи 26-умин ҷашнвораи Истиқлолияти давлатӣ, мо интизори шарикии бардавом ва ҳамкории судманд мебошем, ки ба манфиати ҳар ду давлат ва минтақа равона шудааст.

Ман беҳтарин таманниёти худро ба мардуми Тоҷикистон дар ин рӯз изҳор менамоям».


Президенти Федералии Ҷумҳурии Федеративии Германия Франк-Валтер Штайнмайер чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

«Ҷаноби Президент,

Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва ба халқи тоҷик аз номи худам ва аз номи ҳамватанонам табрикоти самимӣ ирсол медорам.

Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, Ҷумҳурии Федеративии Олмон бо таваҷҷуҳи зиёд рушди кишвари Шуморо мушоҳида мекунад ва чун шарики муҳим ҳамроҳи менамояд. Тайи 25 соли истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни кишварҳои мо ҳамкории мо дар соҳаҳои мухталиф боэътимод густариш ёфтааст. Ман ниҳоят хушҳолам аз вохӯрии мо дар шаҳри Душанбе соли гузошта.

Бо истифода аз ин фурсат, изҳори итминон менамоям, ки минбаъд низ кишвари Шуморо дар раванди рушди демократия, бозории иқтисодиёт ва волоияти қонун дастгирӣ мекунем.

Ба Шумо сиҳатмандиву комёбиҳои навин ва ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳ ва саодату пешрафти таманно дорам».


Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев, зимни табрикоти худ овардааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Аз номи мардуми Ӯзбекистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва мардуми бародари Тоҷикистонро бо ҷашни миллӣ – Рӯзи Истиқлолияти кишвар самимона шодбош мегӯям.

Дар давраи кӯтоҳи таърихӣ Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо дар ҳамаи соҳаҳо ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуд. Азнавсозии сохтор ва ислоҳоти иқтисодӣ муваффақона анҷом дода шуда, нуфузи давлат дар арсаи байналмилалӣ муттасил таҳким меёбад.

Бо қаноатмандии амиқ мехостам рушди мунтазами мушоҳидашавандаи робитаҳои дуҷониба ва тақвияти алоқаҳоро миёни кишварҳоямон дар сатҳҳои гуногун, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёту алоқа ва фарҳангу гуманитарӣ махсус зикр намоям.

Таъкид менамоям, ки мо дар Ӯзбекистон ба таҳким ва тақвияти муколамаи эътимоднок ва созанда доир ба кулли рӯзномаи ҳамгироӣ азми қавӣ дорем ва омодаем, ки якҷоя иқтидори мавҷуда ва тамоми имконоти ҳамкории бисёрҷанбаро амалӣ намоем.

Итминони комил дорам, ки муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки бар принсипҳои устувори анъанавии ҳамҷавории нек ва назардошти манфиатҳои тарафайн асос ёфтаанд, минбаъд низ мунтазам ва босубот ба манфиати мардумони ду кишвар таҳким меёбанд.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, хушии оилавӣ ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон ҳама гуна комёбиҳо, инчунин ба мардуми бародари Тоҷикистон — сулҳ, осоиш ва некӯаҳволӣ таманно дорам».


Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд дар номааш гуфтааст:

«Бародари муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худованд ҳифзатон кунад

Ассалому алаӣкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу,

Боиси хушнудист, ки Шуморо ба муносибати солгарди Рӯзи Истиқлолияти кишваратон аз номи миллат ва ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва шахсан аз номи худам самимона табрику муборакбод намоям.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатию саодатмандии бардавом ва ба мардуми ба мо бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафту шукуфоии бештар орзумандам».

Номаҳои табрикотӣ ҳамчунин Подшоҳи Шоҳигарии Шветсия Карл XIV Густаф, Императори Ҷопон Акихито, Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Александр Ван Дер Беллен, Президенти Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир Абдулазиз Бутафлиқа ва дигарон расиданд.

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Президенти мамлакат ба муносибати ҷашни фархундаи 26-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.

Сентябрь 7, 2017 21:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди дорои аҳаммияти ҷумҳуриявии Балҷувон-Сари Хосор шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон ба фаъолияти корхонаҳои нави саноатӣ оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бо молу маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Осорхонаи таърихии асри сангро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 кӯдакистон ва як Маркази варзишии сайёҳиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг оғоз ёфт
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 34-солагии истиқлоли давлатӣ