РӮЗИ ЗЕБО. (Гузориши лирикии ходими адабии АМИТ “Ховар” аз ҷодаҳои шаҳри Душанбе)

Сентябрь 9, 2017 07:51

ДУШАНБЕ, 09.09.2017 /АМИТ «Ховар» /. Имрӯз  — 9 сентябр. Дар кӯчаҳои Душанбешаҳр қадам мезанам ва маро ҳиссиёти аҷибу гуворое фаро мегирад. Ҳисси шодию ифтихор аз зебоиҳое, ки ба чашм мерасанд.

Имрӯз Душанбеи мо қабои идона ба бар кардааст, дару девори биноҳо, кӯчаю барзан оростаю пероста, ҳама ҷо сабзу хуррам ва гулпӯш. Ҳеҷ вақт ман пойтахти азизамонро чунин сарсабзу зебо ва пургул надида будам. Ва чунин гулҳоро, ки навъҳо ва номҳои гуногун доранд ва аксарашон аввалин бор дар шаҳри мо сокин гаштаанд.

Садои мусиқӣ, хандаю хушҳолӣ ба гӯш мерасад. Сокинон ва меҳмонони шаҳр ба сайри идона баромадаанд.

Мисраҳои устоди зиндаёд Боқӣ Раҳимзода ба ёдам меоянд:

Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам зеби дунёӣ, Душанбе.
Шудам сарсабз дар оғуши меҳрат,
Чу дил дар синаам ҷоӣ, Душанбе…

Бале ҳамин тавр аст. Имрӯз Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хаёлам, ки зеботарин шаҳри дунёст!

Дар ҷодаҳои Душанбе қадам мезанам ва зарбулмасали  машҳуре ёдам меояд: “Зебоӣ оламро наҷот медиҳад”.

Албатта, дар ин маврид зебоии зоҳириву ботинӣ, зебоии маънавиву рӯҳонӣ, зебоии ҳунару истеъдод ва ҳама гуна зебоиҳои дигар дар назар дошта шудаанд. Шояд барои ҳамин 9 сентябр дар аксари кишварҳои мутараққии дунё чун Рӯзи байналмилалии зебоӣ ҷашн гирифта мешавад. Аммо аҷиб ин аст, ки Рӯзи байналмилалии зебоӣ дар кишвари мо ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ омадааст!

Шояд ин тасодуф аст? Аммо банда дар ин амри тасодуфӣ як рамзи хушеро дарёфтам. 9 сентябр рӯзи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии мост, яъне зодрӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон аст. Зодрӯзи Истиқлолияти мо зодрӯзи миллати мост, рӯзи эҳёи нав, таваллуди нав ва дубораи ин миллати соҳибтамаддун ва куҳанбунёд.

Яъне зодрӯзи миллати мо, зодрӯзи тоҷикон — зодрӯзи зебоист!  Рӯзи зебост.

Миллате, ки воқеан худаш зебост, миллате, ки чеҳраи зебо, табиати зебо, ойину таомулҳои зебо, либоси зебо, номҳои зебо, забони шоиронаи зебо дорад, сазовор аст, ки зодрӯзаш зодрӯзи зебоӣ бошад.

Миллати моро  дар тӯли таърихи на осонаш маҳз ҳамин зебоиҳо аз ҳама гуна хатарҳо наҷот додаву зинда доштаанд! Яъне зебоӣ ва миллати тоҷик тавъаманд.

Дар ҷодаҳои Душанбеи азиз қадам мезанам ва ин ҳамаро мушоҳида мекунам.

Ба андеша меравам ва он чи дар бораи Рӯзи байналмилалии зебоӣ хондаам, дар лавҳи хотирам пайдо мешавад.

Дар куҷое хонда будам, ки ба таври расмӣ аввалин озмуни зебоӣ соли 1888 дар Белгия баргузор гардида будааст. Аммо қарори  Рӯзи байналмилалии зебоӣ эълон шудани 9 сентябрро Конгреси ҷаҳонии ЮСИДЕСКО соли 1995 қабул кардааст.

Теъдоди бешумори инсонҳое, ки ба манфиати зебоӣ кор мекунанд, мисли косметологҳо, ҷарроҳони пластикӣ, сартарошон, стилистҳо, массажистҳо, дизайнерҳо ва албатта, худи занон ҳар сол  дар ин рӯз ин идро бо тантана таҷлил мекунанд. Ҳадафи асосии  он чунин аст: ҳар зан дар ҳама синну сол бояд зебо бошад. Дар Аврупову Амрико, солҳои охир дар Россия ҳам ин идро бо ташкили озмунҳои зебоӣ  мегузаронанд. Дар ин озмунҳо зеботаринҳо ҳам аз ҷиҳати зоҳирӣ ва ҳам аз ҷиҳатӣ ботинӣ, яъне заковату ақлу ҳунар ғолиб дониста мешаванд. Дар ин рӯз аз зебоиҳое, ки ба инсон ҳаловати маънавӣ медиҳанд, истиқбол карда мешавад.

Душанбе3Хондаам, ки аз замонҳои қадим инсонҳо зебоиро мепарастидаанд. Аввалан зебоии зоҳирӣ ва баъдан зебоиҳои маънавӣ дар ин озмунҳо аҳамият пайдо карданд.

Навиштаанд, ки ҳар давру замон ва ҳар қавму нажод меъёрҳои муайяни зебоии худро доштаанд.  Масалан,  занони Филиппин бо латофати бадан, тозагии пӯст, вафодорӣ; зебосанамҳои фаронсавӣ бо маҳинӣ, ҳунари нишон додани бартариҳо ва ҷолибияти зоҳирӣ ва бад-ин васила рӯпӯш кардани камбудиҳо; зебоёни итолиёвӣ бо сеҳри чашмҳо ва зиндадиливу гарммизоҷӣ; туркидухтарҳо бо махмурӣ, чандирӣ, нармӣ, вафодорӣ; зебосанамҳои ҷопонӣ бо нафосат ва бехазонӣ, яъне ҳамеша симои ҷавон доштан фарқ мекунанд.

Намунаи олии зебоӣ дар Мисри қадим зани мавзунқомати бомалоҳат (хиромон), бо чеҳраи зариф, абрувони борик, бинии рости начандон бузург дар ҳамоҳангӣ бо лабони пурра ва чашмони бузурги ороста бо ранги сиёҳ будааст. Дар баробари инҳо  бояд пӯст ранги сафеди биринҷӣ дошта бошад. Беҳтарин чашм чашми сабз ҳисоб меёфт. Аммо азбаски чашмони сабз хеле камёб буданд, мисридухтарон атрофи чашмҳояшонро ба ранги сабз ва мисӣ (сурхи зардтоб) меоростанд, нохунҳо ва кафи поро ба ранги сабз ранг мекарданд.

Дар Чин зани хурди резапо намунаи олии зебоӣ ҳисоб мерафт. Барои он ки по хурд монад, баъд аз таваллуд панҷаҳои пойи духтаронро сахт мебастанд, то онҳо инкишоф наёбанд. Занҳо ба рӯйҳояшон сафедӣ молида, чеҳраҳоро арғувонӣ, абрувонро дароз, нохунҳоро сурх менамуданд. Нохунҳои дароз рамзи шоистагӣ ва дороиро доштанд.

Метавон ба ин минвол таърихи зебоиҳоро дар кишварҳои гуногуни дунё давом дод. Ҳар миллат расму ойин ва таърихи зебоипарастии худро дорад. Миллати мо  низ, Иштирок ва ғалабаи зебосангамҳои тоҷик дар солҳои охир дар озмунҳои ҷаҳонии зебоӣ далели ин фикри банда аст.

Душанбе1 Душанбе2
Дар ҷодаҳои Душанбе, ки бузургони зиёдеро дидааст, қадам мезанам ва ба худ меандешам, ки миллати тоҷик аз миллатҳоест, ки зебоиҳои зоҳириву ботинӣ ва хуҷастагиҳои инсониаш дар саҳифаҳои адабиёти оламшумул таҷассуми мондагор ёфтаанд.

Аммо, маъзарат,  ин мавзӯи суҳбати алоҳидае хоҳад буд…

Ҳоло муҳим он аст, ки мо ба ёд орем ва дар ёд дошта бошем, ки зебоӣ  ва зебо будан умуман шоистагии инсон аст. Ва олитарин зебоӣ зебоии маънавии мост, ки симои инсонии моро равшану дилпазир мегардонад. Ва беҳуда нест, ки дар таърихи фарҳанги мо ҳамеша ба зебоии одоб, зебоии гуфтору рафтору андешаҳо аҳамияти хосса ва аввалиндараҷа дода мешуд.

Аз ин лиҳоз зебоӣ наметавонад хоси мардон низ набуда бошад. Дар мардҳо ҳунару истеъдод, ғайрату ҷасорат, меҳнатдӯстӣ ва мушкилнописандӣ,  қуввати бозу, ақлу хирад, тавозуъ ва хоксорӣ ва дигар хислатҳои неки инсонӣ зебо ба назар мерасанд. Ва умуман ҳамаро – ҳам мардҳо ва ҳам бонувонро  донишу ҳунар, хулқу одоби неку шоиста, инсодӯстию ватанпарастӣ зебо мегардонанд.

Дар ҷодаҳои зебову тоза ва идонаи Душанбешаҳр қадам мезанам ва мехоҳам ба ҳар роҳгузар нидо кунам:

Биёед, ин таомулро нигоҳ дорем, яъне ҳамеша зебо бошем ва бо зебоии худ зиндагӣ ва дунёро зеботар созем!


Камол НАСРУЛЛО,
ходими адабии АМИТ “Ховар”

Сентябрь 9, 2017 07:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе доир ба нақши оила дар рушди сармояи инсонӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
АЗ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИФТИХОР ДОРЕМ. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
«МегаФон Тоҷикистон» интернет туҳфа менамояд
Ҳилоли Аҳмари Эрон дар бораи марги президент ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон иттилоъ дод
Изҳороти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Яке аз чархболҳои корвон бо ҳузури Президенти Эрон фуруди сахт анҷом дод
«МАОРИФ-АСОСИ ТАКМИЛ ВА РУШДИ ИНСОН». Таҳти чунин унвон китоби нав нашр гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад