Раҳимбек Бобохонов: «Ислом ба сиёсат эҳтиёҷ надорад, зеро даврони халифат кайҳо гузаштааст»

Сентябрь 18, 2017 17:07

ДУШАНБЕ, 18.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо чанд савол ба доктори илмҳои таърих, профессор Раҳимбек БОБОХОНОВ, ки дар Маркази таҳқиқоти тамаддунӣ ва минтақавии Институти Африқои Академияи Илмҳои Россия фаъолияти илмӣ дорад, муроҷиат намуд. Суҳбати агентии «Ховар» бо олими тоҷик дар мавзӯъҳои таърихи ташаккулёбии расму русуми тоҷикон, зарурати ворид намудани тағйиру  иловаҳо  ба Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳифз кардани фарҳангу тафаккури миллӣ аз таъсири унсурҳои барои миллат бегона ва дар баъзе ҳолатҳо хатарнок, таъсири ислом ба тафаккуру фарҳанги миллӣ, роҳҳои нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ сурат гирифт.

Мавриди зикр аст, ки профессор Раҳимбек Бобохонов муаллифи зиёда аз 300 маърӯза ва таҳқиқоти илмӣ оид ба таърихи фарҳангу иҷтимоёти тоҷикон ва масоили динӣ буда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавқеи шаҳрвандии худро фаъолона изҳор мекунад.

АМИТ «Ховар»: Раҳимбек Сарҳадбекович, маълум аст, ки урфу одат, маданияти моддиву маънавии ҳар як миллат дар давоми садсолаҳо ташаккул меёбад. Дар асри 21 ҷараёни нав бо номи ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) ба майдон омад. Ин раванд нисбат ба миллати тоҷик, ки таърихи ҳазорсолаҳо дорад, чӣ таъсири мусбат ва чӣ таъсири манфӣ расонида метавонад?

Раҳимбек Бобохонов: Дуруст мегӯед, расму оин ва анъанаъаҳои мардуми тоҷик аз даврони қадим сарчашма мегиранд, ҳатто мифология ва ривоятҳои бостонии худро доранд. Модоме, ки аз қаъри асрҳо расму оини мо то ба имрӯз омада расидаанд, пас онҳо  ҳамеша пойдор хоҳанд буд ва  ҳеч гуна глобализатсия онҳоро аз байн бурда наметавонад.

Аммо, медонед, дини мубини Ислом дар тӯли 1400 сол ба ин кор – ба глобализатсия, яъне ҷаҳонишавӣ машғул буд, яъне кӯшиш мекард, ки  дар тамоми қаламрави халифат расму оини миллиро маъдум созад, аммо дар сарзамини тоҷикон глобализатсияи исломӣ то охир натавонист анъанаҳои таърихии тоҷиконро, ки пойгоҳи фарҳангии он мебошад, аз байн барад. Баръакс, ислом  бисёре аз нишонаҳои расму оини миллиро қабул кард, то ин ки мардуми тоҷик исломро бипазирад. Аз ин рӯ, исломи тоҷик ҷомаи миллӣ пӯшидааст, яъне  битамом ҳамаи нишонаҳо (атрибутҳо) ва рамзҳои (символикаҳои) исломро қабул накардааст. Пас, тоҷикон мусалмононе ҳастанд, ки исломи классикиро бо анъана ва расму оини ниёгон омезиш додаанд.

Барои ҳамин, фарҳанги миллӣ, анъанаҳои миллӣ ва расму оини қадимии худро мо бояд ҳамеша ҳифз кунем, то ин ки симо, маънавиёт, эҳсос ва фаҳмиши миллии мо гум нашавад. Ҳичоб, риши бемуйлаб ва тоқии сафеди салафӣ ва дигар символикаҳои имрӯзаи глобалистии Ислом барои мо бегонаанд.

АМИТ «Ховар»:  Умуман, дар ислом миллату қавму нажод чӣ ҷойгоҳе доранд?

Раҳимбек Бобохонов:  Дар ислом миллату қавму нажод нест, барои ҳамин муборизаи глобалистии аҳли хурофот ва бунёдгароёни исломӣ дар муқобили фарҳангҳои миллатҳои гуногун дар тамоми ҷаҳони ислом, аз ҷумла дар Тоҷикистон шиддат ва ташаддуд пайдо кардааст.

АМИТ «Ховар»:  Ва яке аз сабабҳои  қабул шудани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он низ ҳамин ривоҷи хурофот аст, ки зиндагии мардумро ба танг оварда буд…   

Раҳимбек Бобохонов: Бале, бубинед 10-15 сол пеш ҳамаи маъракаҳои мардум, хусусан маъракаҳои азодорӣ,  хурофоту таассуб, сабқат ва худнамоишдиҳӣ ба таври бесобиқа ба ҷойи аввал баромада буданд. Одамони камбизоат бо андешаи «аз ҷамоат ақиб намонем», «моро наханданд» маҷбур буданд қарзу қавола карда, чунин маросимҳоро ба ҷо биёранд. Баъзеҳо охирин гову моли худро сар зада, хароҷоти зиёд мекарданд. Дар байни одамон гап пайдо шуда буд, ки «як мурда рӯзгори чанд зиндаро бор мешавад».

Бинобар ҳамин қабули қонуни махсус барои ба танзим  даровардани маъракаҳову маросимҳо қадами ҷиддӣ ва амали таърихест, ки боиси таҳаввулоти зеҳнӣ дар тасаввуроту бардошти мардумон шудааст. Зеро мо дар асри 21 зиндагӣ мекунем, имрӯз одамон кайҳонро тасхир мекунанд,  мардуми мо бошад, худ нахӯрда, худ напӯшида, барои рӯзи маргу мурдан маблағ ҷамъ мекарданд. Дар ягон кишвари ҷаҳон хурофотпарастӣ дар ин маврид ба ҳадде нест, ки дар кишвари мо буд. Ҳол он ки  ҳадаф аз он  ҳама хароҷот танҳо шикам сер кардан, ба таври бемаънӣ худнамоӣ кардан буд. Маҳз қабул шудани ҳамин қонун даҳ сол пеш боис гашт, ки сокинони Тоҷикистон маблағҳои худро акнун барои харидории мошину хона, ҷиҳози рӯзгор, пардохти ҳаққи таҳсил ва  истироҳати шоиста сафарбар мекунанд.

АМИТ «Ховар»: Пӯшидани сатру ҳиҷоб ва сарулибоси ғайритоҷикӣ низ яке аз нишонаҳои хурофоту таассуб аст, ҳамин тавр не?

Рахим Бобохонов1Раҳимбек Бобохонов: Агар ба «Фарҳанги забони тоҷикӣ» бингарем, маънии асосии «сатр»- ин пӯшидан, пӯшиш, пӯшок аст. Оё либоси миллии точикӣ пӯшок нест?  Баръакс, либоси тоҷикӣ беҳтарин пӯшок ва гӯётарин нишонаи фарҳанги миллии мост. Ҳиҷоб ва либоси торику сиёҳи аъроб, риши бемуйлаб ва тоқии сафеди салафӣ, ки имрӯз нишонаҳои зоҳирии  ислом мебошанд, ҷомеаи муосири тоҷикро ба  қафо, ба даврони зулмот ҳидоят мекунанд

Ҳама гуна қонуни давлат ва қарорҳои ҳукумат, ки бо мақсади эҳё, ҳифз ва рушди расму анъанаҳои миллӣ қабул мешаванд, бояд аз тарафи зиёиён, донишмандон,  сиёсатмадорон, ҳуқуқшиносон, роҳбарони сатҳи гуногун, адибону рӯзноманигорон ва дигар  фаъолони ҷомеаи имрӯзаи тоҷик дастгирӣ шаванд. Мубориза ба муқобили ҳама гуна нишону рамзҳои глобализатсияи исломӣ, ки бо ҷомеаи дунявӣ созгор нестанд, мардумро  хурофотӣ мекунанд, вазифаи ҳар яки онҳост. Тоҷикистон – ҷумҳурии дунявӣ аст. Дар ҷумҳурии дунявӣ дин мутлақо аз давлат бояд ҷудо бошад ва ин дар Конститутсияи ҷумҳурии мо зикр шудааст.

АМИТ «Ховар»:  Пӯшидани ҳиҷобу либосҳои сиёҳ то ба ҳамин наздикӣ бисёр авҷ гирифта, ҳатто ба як навъ  мӯд табдил шуда буд. Ин раванд аз куҷо сарчашма гирифта буд: тақлиди кӯркӯрона, худнамоишдиҳӣ ва ё таъсири ташвиқоти эмиссарони хориҷӣ?

Раҳимбек Бобохонов: Ҳам тақлид, ҳам мӯд ва ҳам таблиғоти эмиссарони хориҷӣ. Худи падарон, шавҳарон ва бародарон низ гунаҳгоранд, зеро бо фармону супоришу таҳдиди онҳо модарон, занон ва хоҳарон ҳиҷоб мепӯшанд. Барои ҳамин бояд бо ин гурӯҳ мардум бештар кор кард, яъне баъзан худи мардонро ҳам бояд ҷарима кард, агар дар оилаи онҳо касе ҳиҷоб мепӯшад. Ҳукумати Тоҷикистон дар ин маврид фаъолияти хуберо оғоз кардааст, то хурофот дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷик камтар шавад. Вале, гумон мекунам,  ин мубориза дер давом хоҳад кард, зеро хурофот дар баъзе қишрҳои ҷомеаи мо пас аз даврони пасошуравӣ хеле чуқур реша давондааст.

АМИТ «Ховар»: Воқеан, чаро исломи анъанавӣ, ки тоҷикон дар тӯли таърих бо он зиндагӣ доштанд, солҳои 90-ум  мавқеи худро якбора ба исломи радикалӣ, ифротӣ ва ҷараёнҳои гуногуни бегона дод?

Раҳимбек Бобохонов: Исломи радикалӣ, сиёсӣ ва ифротиро аз хориҷа оварданд. ҲНИТ ҳам бо хориҷиён иттифоқ баст ва ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон маҳз радикалҳои исломӣ бо «растохезӣ»-ҳои паниронӣ таҳмил карданд.

Ҳанӯз ду сол пеш дар яке аз мақолаҳои таҳлилӣ чунин хотирнишон карда будам: «Дар ибтидои солҳои 80–уми асри гузашта мо ҷомеаи комилан  дунявию  муосире доштем, ки дар  он  мақоми  дин  ва иншооти  динӣ дар  амри ташаккули  шуури ҷамъиятӣ аслан аз  байн бурда шуда буд. Вале баъд, дар давраи  бозсозӣ, ислом дар  ҷумҳуриҳои  Осиёи  Марказӣ  ба  ҳаёти ҷамъиятию сиёсии ҷомеа фаъолона ворид гардид. Ин раванд, хусусан дар Тоҷикистону  Ӯзбекистон, бараъло ба назар  мерасид. Вусъати фаъолияти ислом боиси ташаннуҷи вазъияти сиёсӣ  гардида,  минбаъд ислом (тавре ки  таҷрибаи  ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон  нишон дод), мақоми  омили  ташаннуҷсозии  вазъиятро  иҷро  кардан  гирифт».

Дар ҳамон мақола навишта шуда буд, ки «ҳоло (вазъияти чанд сол пеш – А.С) мо манзараи  зеринро  мушоҳида  мекунем: дини  ислом боз  ба ҷамъияти Тоҷикистон  баргаштаасту   дар  он  худро   нағз  ҳис  мекунад; унсурони  архаика (расму  оин) – и  рӯзгори  тоҷикон  қисман  ё  пурра  барқарор  шудаанд;  бисёр  мактабу  созмонҳои  пинҳонкори  исломӣ худро  ошкор  намуда, ба муборизаи  сиёсӣ  баҳри  ҳокимият шурӯъ кардаанд (баъзеи онҳо ҳатто  дар  сохторҳои ҳокимияти  ҳозира ваколатнома гирифтаанд); ҷанги шаҳрвандӣ  рух дода, дар ҷараёни он  барои  ташкили   давлати исломӣ кӯшиш  шуд; на  фақат дар  шаҳрҳо,  балки дар   деҳот  ҳам масҷидҳои   бузург   сохта шудаанд  ва  сохта  мешаванд; ҳамаи  клуб – чойхонаҳои  дорои  хусусияти дунявӣ  ба масҷидҳо табдил  ёфтанд; ҷавонон бештар  таҳсилоти  дин дар  ҷумҳурӣ  ё  берун  аз  онро интихоб  мекунанд; ҳиҷоб ба  сар  кардани  занон дар  ҳама ҷо  маъмул  шудааст; серзании  табақаҳои осудаҳоли ҷомеа ба ҳукми анъана даромадааст; дар  ҳар  гӯша  китобҳои динӣ  фурӯхта  мешаванд; дар нақлиёти ҷамъиятӣ азонро тавассути радио мешунавонанд; идҳои  диниро расман  таҷлил  мекунанд; ҳатто дар  ҷойи  кори идораҳои давлатӣ  намоз  мехонанд ва рӯзаи Рамазонро  риоя  мекунанд; ваъзи мулло дар  ҳар  кӯчаю  маҳалла  садо  медиҳад;  беморонро тавассути оятҳои Қуръон  табобат  мекунанд;  ақди  никоҳро  мулло  роҳбарӣ  менамояд;  баъзе  мардон  риши  бебурут (риши салафӣ)  мондаанд; баъзе  духтарон  таҳсилро  дар мактаби  миёна бас  кардаанд,  дигаронашон  ҳатто  орзуи  ба даст  овардани  таҳсилоти олиро  надоранд; муллою фақеҳон ба  сиёсат  фаъолона машғул мешаванд;  созмонҳои  динӣ, аз қабили  Ҳизби  наҳзати  исломии  Тоҷикистон  мухолифи  воқеии  ҳокимияти  ҳозираи ҳоло  дунявӣ  гардидаанд ва ғайра». Ҳамон замон саволгузорӣ карда будам: «Вазъияти  имрӯзаи  ҷумҳуриро  кӣ таҳлил  менамояд? Раванди  исломигардонии  ҷамъияти  имрӯзаро кӣ  пешгирӣ менамояд ё ақаллан  суст  мегардонад?  Фаъолияти  созмонҳои  исломиро, ки  барои  гирифтани  ҳокимият  зӯр  мезананд, кӣ маҳдуд  месозад?».

5-10 сол пеш муллоҳо ба саволҳои моҳияти иҷтимоидошта посух гуфта, афкори ҷамъиятии аҳолиро ба шуури динӣ табдил медоданд. Аз ҷумла мулло дар мавриди  камбизоатӣ мегуфт: «Чаро аксарияти  тоҷикон  қашшоқанд, чаро онҳо дар зиндагӣ душвориҳо доранд,  чунки Аллоҳ аз онҳо рӯ гардонидааст, онҳо Аллоҳро  фаромӯш  кардаанд,  бинобар  ин  қашшоқӣ  ва   мушкилоти  дигар  ҷазои онҳост барои  бехудоияшон. Шумо хоҳиш кунед, ки Аллоҳ ба  шумо ёрӣ кунад. Аммо  шумо  барои  Аллоҳ  чӣ  корҳоро  анҷом  додаед, шумо  меҳратонро нисбат ба  вай чӣ  тавр  зоҳир  намудаед ва шумо чӣ  тавр  исбот  кардаед, ки  сазовори меҳру муҳаббати ӯ ҳастед? Дуо  кунед,  меҳратонро  нисбат ба  Аллоҳ  нишон  диҳед ва  исбот  кунед. Ӯро  дӯст  доред ва  он  гоҳ  вай  шуморо  дӯст  медорад. Мусулмони  асил  шавед,  он гоҳ Аллоҳ ба шумо ёрӣ  мекунад ва  ӯ шуморо танҳо намегузорад». Чунин  суханрониҳо маънои баланд шудани нақши  исломи  сиёсӣ дар  ҷомеаро  дошт, зеро дар ин маврид мулло фаъолияти  сиёсиро пеш мегирад.

Такрор мекунам, ин мулоҳизаҳои худро ман чанд сол пеш баён карда будам ва дар ВАО-и  Тоҷикистон нашр шуда буданд.

АМИТ «Ховар»: Умуман ҷомеа ба исломи сиёсӣ зарурат дорад? Ба сиёсат кашидани эътиқодҳои динии сокинон чӣ хатарҳо дорад? Чӣ бояд кард, ки принсипи ҷудо будани дин аз давлат риоя карда шавад?

Раҳимбек Бобохонов: Ислом ба сиёсат  эҳтиёҷ надорад, зеро даврони халифат кайҳо гузаштааст. Он замон сиёсат барои паҳн кардани ислом лозим буд. Имрӯз ислом дигар иҷборан паҳн шуда наметавонад, таҷрибаи ташкилоти террористии ба ном «Давлати исломӣ» — ДОИШ инро исбот кард. Таълимоти исломӣ мисли пешина боқӣ  мондааст. Пас ислом имрӯз на сиёсат, балки бояд фарҳанг бошад. Фарҳанги баланд барои тарбияи атфол, хешу табор ва ғайра. Ва  фақат дар ҳудуди оила, на дар дохили хиёбон ва ҷомеа.

Исломи сиёсӣ чӣ маънӣ дорад? Ин пешбурди ҳаёти ҷомеа 24 соат дар як шабонарӯз дар чорчӯбаи шариат аст. Ин як даҳшат ва торикие беш нест. Таҷрибаи ҳукуматдории Толибон дар Афғонистон бо исломи сиёсӣ ва рӯзгори шариатӣ гувоҳи ин гуфтаҳост.

АМИТ «Ховар»: Чаро на ҳамаи адибону олимони мо  имрӯз барои ҳифзи фарҳанги миллӣ устуворона ва қотеона садо баланд мекунанд? Чаро  иддае аз  онҳо хомӯшӣ ихтиёр кардаанд?    Мо мутмаинем, ки  ҳамаи онҳо ҳамчун зиёӣ ҷонибдори зиндагӣ дар  давлат ва ҷомеаи дунявӣ ҳастанд, ҳеҷ гоҳ дар шароити давлати исломӣ зиндагӣ карда наметавонанд.  Аммо мулоҳизаҳои худро доир ба ин мавзӯъ ошкор намекунанд…

Раҳимбек Бобохонов: Оре, имрӯз хурофот, тавре болотар  мутазаккир шудем, дар ҳама ҷо реша давондааст. Ин ҳам як буҳрони фаъолияти эҷодӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеаи пасошӯравии Тоҷикистон мебошад.

Дар ин мавзӯъ банда чанд мақола навиштам. Тасаввур кунед, ки ҳатто дар  як мақомоти бонуфузи мо (номашро такрор намекунам, дар мақолаам овардаам) чанд сол пеш мехостанд масҷид созанд, то дар он ҷо олимони замони дунявӣ… намоз хонанд. Ин даҳшат аст, ҳатто ақли солим бовар намекунад. То ҳол  бисёр кормандони идораҳои  давлатӣ  дар ҷои корашон намоз мехонанд, дар вақти корӣ ба намози ҷумъа мераванд.   Масалан, чанд рӯз пеш иттилло гирифтам, ки дар ҳама ҳуҷраҳои кории  як иттифоқи эҷодии бонуфузи мо намоз мехонанд. Рӯзи ҷумъа дар толори он ҳама кормандонаш намози умумӣ — ҷумъа мехондаанд.

Ин магар даҳшат нест?  Агар чунин аст, пас эҷодкорони мо имрӯз дар бораи чӣ асар эҷод мекунанд? Дар бораи ҳаёти воқеӣ ва ё дар бораи  гӯру қиёмату зиндагии охирату фариштаҳои осмонӣ? Пас имрӯз маҳсули эҷоди онҳо бӯи хурофот намекунад?!.

Саволҳои беҷавоб ба зиёиёни имрӯзаи тоҷик зиёданд. Чунончӣ, дар асоси таҳлилҳои анҷомдода чанд сол пеш ман навишта будам: «Рисолаҳои илмии кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ асосан ба мавзӯъҳои динӣ ва тасаввуф бахшида шудаанд. Ҳамчунин интишороти илмии бештари кормандони институт, мутобиқи охирин дар он замон як  маҷмӯаи ба чопрасидаашон  ба як мавзӯъ — мавзӯи Гюлен бахшида шуда буд. Рисолаҳое, ки дар мавзӯи тасаввуф ва  ислом навишта шудаанд, корҳои илмие мебошанд, ки ба ходими динии турк бахшида шудаанд. Чунин ба назар мерасад, ки институт маркази тадқиқоти исломӣ буда, дар он ҷо олимон ба таҳқиқу баррасии Гюлен ва тасаввуф машғуланд. Пас илм куҷо мешавад?   Атеизми илмӣ куҷо шуд? Мактабҳои фалсафии аврупоӣ ва амрикоӣ куҷо шуданд? Мактаби ҷомеашиносӣ куҷо шуд? Файласуфони дунявӣ куҷо шуданд? Имрӯз шуури дунявӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик чӣ гуна ташаккул меёбад? Дар куҷо, чӣ гуна ва аз ҷониби кӣ ҷаҳонбинии илмӣ ташаккул меёбад? Кӣ имрӯз дар мавзӯъҳои дунявӣ корҳои илмии фалсафӣ анҷом медиҳад? Кӣ мактабҳои фалсафиро таҳқиқу баррасӣ хоҳад кард? Кӣ ба муқобили исломгаро шудани ҷомеаи тоҷик мубориза хоҳад бурд? Кӣ пеши роҳи баландшавии суръати раванди сиёсишавии исломро мегирад?».

Хушбахтона, вақтҳои охир ба ин масъалаҳо аз тарафи мақомоти дахлдор вокунишҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд ва тадбирҳо андешида мешаванд. Вале ин хеле кам ва нокифоя аст.  Имрӯз низ  саволҳои гузошташудаи ман моҳияту аҳамияти худро гум накарда, мунтазири ҷавоб ва амалҳои сазовор мебошанд.

АМИТ «Ховар»: Ба андешаи Шумо, оё баҳси либосу анъанаҳои миллӣ,  дигар масъалаҳои вобаста ба пешгирии хурофоту бегонапарастӣ ва зиёдаравӣ кай ба анҷом мерасад ва чӣ натиҷаҳо медиҳад?

Раҳимбек Бобохонов: Чунин баҳсҳо акнун ҷиддӣ шурӯъ шудаанд ва ба зудӣ тамом нахоҳанд шуд. Мубориза бар зидди хурофот дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷик солҳо давом хоҳад ёфт. Аз ин рӯ, бояд сабру таҳаммулро пеша кард, то ин мубориза оҳиста-оҳиста ҷомеаи моро аз тангиву торикии асримиёнагӣ, ки хурофот ном дорад, берун кашад ва ба наслҳои оянда таҷрибаву сабақ шавад.

 

Суҳбати
Акрам САНГЗОДА

Сентябрь 18, 2017 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин