Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар дидбонгоҳҳои гумрукии «Душанбе -2» ва «Панҷи Поён» барномаи таълимӣ доир мекунад

Сентябрь 20, 2017 14:38

ДУШАНБЕ, 20.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 22 сентябр намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ, дар доираи «Барномаи ҷаҳонии UNODC ва Созмони умумиҷаҳонии гумрук оид ба назорати ҳамлу нақли контейнерҳо» барои кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидбонгоҳҳои гумрукии «Душанбе-2» ва «Панҷи Поён» барномаи таълимӣ баргузор  менамояд.

Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳадаф аз роҳандозии барномаи омӯзишии мазкур, баланд бардоштани дониш ва таҳкими малакаҳои назариявӣ ва амалии кормандони Хадамоти гумрук ва Агентии назорати маводи нашъаовар, назорати дурусти контейнерҳо, нақлиёти боркашонӣ бо истифода аз усулҳои муосир ва низомҳои назорати гумрукӣ мебошад.

гумруукАмалӣ гардонидани барномаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам пурзӯр намудани ҳамкории минтақавӣ, фаъолияти муштараки мақомоти гумрук ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои минтақа дар самти бехатарии давлат ҷиҳати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва муқовимат бар зидди маводи нашъаовар равона гардидааст.

Дар маводи таҳлилии Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар чаҳорчӯбаи Барномаи  Созмони ҷаҳонии гумрук оид ба назорати ҳамлу нақли контейнерҳо дар Осиёи марказӣ (UNODC) зикр гардидааст, ки интиқоли контейнерии молу воситаҳои нақлиёт махсусан осебпазир буда, метавонад барои нисбатан дар ҳаҷми калон интиқол додани маводи мухаддир, инчунин молҳои ғайриқонунӣ, ки дар дохили молҳои қонунӣ интиқолшаванда пинҳон гардидаанд, ҳангоми транзити мол тариқи давлатҳои Осиёи марказӣ ба амал бароварда шавад.

Сентябрь 20, 2017 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд