Сафири Тоҷикистон нусхаи Эътимодномаи худро ба Вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон супорид
ДУШАНБЕ, 01.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рустам Солӣ- Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Элмар Мамедяров нусхаи Эътимодномаи худро супорид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд
Зимни мулоқот, ки байни Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустам Солӣ ва Вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон Элмар Мамедяров баъд аз маросими супоридани нусхаи Эътиборнома сурат гирифт, ҷонибҳо раванди муносибат ва ҳамкории ду кишварро дар марҳалаи кунунӣ мусбат арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон мусоҳибон ҷиҳати густариши минбаъдаи робитаҳо ва рушди ҳамкорӣ дар масоили умдаи сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, обу энергетика, фарҳангӣ, сайёҳӣ ва муҳоҷират, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки саноатию металлургӣ омодагӣ изҳор намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид






