Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об

Сентябрь 21, 2017 20:38

21.09.2017, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Муҳтарам аъзои Панели сатҳи баланд,
Муҳтарам Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид,
Президенти муҳтарами Бонки ҷаҳонӣ,
Ҳозирини гиромӣ,

Пеш аз ҳама, барои ташкили ҷаласаи имруза ва даъват барои ширкат дар он изҳори миннатдорӣ менамоям.

Фаъолияти Панели мо ба раванди баланд бардоштани дарки моҳияти об барои ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор такони хуб бахшид.

Нақшаи амали Панел барои ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба об мусоидат хоҳад кард.

Тоҷикистон дар пешбурди ташаббуси эълон кардани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 кишвари пешоҳанг дониста шуда, дар ин самт корҳои зиёдеро анҷом дод.

Маҷмаи Умумии Созмони Милал 21 декабри соли гузашта қатъномаи худро вобаста ба Даҳсолаи нав бо иттифоқи оро қабул намуд.

Ҳадафи асосии Даҳсолаи мазкур боз ҳам баланд бардоштани дарки масъалаҳои об дар Рӯзномаи ҷаҳонии рушд ва мусоидат ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об буда, барои муттаҳид сохтани талошҳои мо дар ин самт кумак хоҳад кард.

Вобаста ба ҳадаф ва вазифаҳои Даҳсола мо Консепсияи татбиқи онро бо маҷмуи чорабиниҳо дар доираи фаъолияти Панел пешниҳод карда, барои  амалӣ намудани  он ҷаҳд намуда истодаем.

Дар сатҳи миллӣ бошад, мо Нақшаи чорабиниҳоро оид ба татбиқи Даҳсола қабул карда, барои амалӣ намудани он Маркази махсус ва ҷиҳати назорати иҷрои он Кумитаи тадорукотро дар назди Ҳукумати кишвар таъсис медиҳем.

Дар ин робита дирӯз мо чунин як чорабиниро бо иштироки ҳайатҳои кишварҳо, Созмони Милал ва дигар ташкилотҳои байналмиллалӣ барпо намудем.

Ман итминони комил дорам, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз имкониятҳои Даҳсола васеъ истифода хоҳад кард ва дар ин давра шиддати мушкилоти марбут ба об ба таври назаррас коҳиш хоҳад ёфт.

Ҳозирини гиромӣ,

Тоҷикистон, ҳамчун кишвари ташаббускор тасмим гирифтааст, ки дар ҳамдастӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон ҳар ду сол чорабиниҳои сатҳи баландро оид ба раванди татбиқи Даҳсола баргузор намояд.

Аз нигоҳи мо ин як платформаи хубест барои баррасии масъалаҳои умдаи вобаста ба об.

Аз ҷумла ташкил намудани чунин конфронс моҳи июни соли 2018 дар назар аст, ки метавонад дар баррасии Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об саҳми муносиб гузорад.

Барои таваҷҷуҳатон изҳори миннатдорӣ менамоям.

Сентябрь 21, 2017 20:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд