Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Синхуаи шаҳри Пекин

Сентябрь 1, 2017 06:56
01.09.2017, Чин

Муҳтарам ректори Донишгоҳи Синхуа,
Дӯстони азиз,

Барои ман шарафи бузург аст, ки унвони ифтихории профессори соҳаи иқтисодро дар яке аз маъруфтарин донишгоҳҳои Чин бипазирам.

Аз Шӯрои илмии Донишгоҳи Шумо, ки ин ифтихорро барои ман муносиб донистааст, сидқан сипосгузорам.

Аз ин рӯз эътиборан Донишгоҳи Шуморо ҷойи худӣ медонам ва ман ҳамаи рӯйдодҳои илмиву маърифатии онро бо камоли шавқ пайгирӣ хоҳам кард.

Донишгоҳи Синхуа ба ҳайси муассисаи олии таълимии барӯманд дар кишвар ва берун аз марзҳои он шӯҳрат пайдо кардааст.

Донишгоҳи шумо намунаи манзалати байналмилалии Чин, таҷассумгари орзуҳои насли муосиру ҷавон аст, ки бар ӯҳдааш бозидани нақши шарафманд дар бунёди ҷомеаи аз ҳар лиҳоз рушдёфта афтодааст.

Дар ин даргоҳи бошукӯҳи илму маърифат чандин наслҳо таълиму тарбия ёфтаанд, ки саҳми арзандаи худро дар тараққиёти Чини бузург гузоштаанд.

Ин маҷмааи бонуфузи илму маориф, барҳақ, метавонад бо муҳассилини худ, ки дар қаторашон шахсиятҳои маъруфу соҳибэҳтироми Чини муосир ҷойгиранд, ифтихор намояд.

Ҷанобони олӣ Ху Тсзинтао ва Си Тсзинпин, ки дар пешрафту шукуфоии кишвари барои мо дӯсту ҳамсояи наздик нақши намоён дошта, эътибори ҷаҳонӣ пайдо кардаанд, аз ҷумлаи онҳоянд.

Бо камоли хушнудӣ таъкид карданиам, ки ин ҷонибро бо ин сиёсатмадорони беҳамтои Чин солҳои тулонии робитаҳои корӣ ва муносиботи неки шахсӣ ба ҳам мепайвандад.

Дирӯз, мо бо Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Халқии Чин ҷаноби Си Тсзинпин атрофи ҳолати кунуниву дурнамои ҳамкориҳои кишварҳоямон музокироти сермазмун доштем ва уфуқҳои нави рушди онҳоро муайян намудем.

Дар изҳороти муштарак, ки аз рӯи натиҷаҳои музокирот қабул гардид, мо рағбати қавии худро ҷиҳати пешбурди минбаъдаи муносибатҳои стратегии кишварҳоямон дар шакли шарикии ҳамаҷониба таъкид намудем.

Аз ин нигоҳ, натиҷаҳои мулоқотҳои кунунии сатҳи олии ҷонибҳоро мо ҳамчун рӯйдоди марҳалавӣ дар муносибатҳои кишварҳоямон арзёбӣ менамоем.

Басо рамзист, ки вохӯрии навбатии сатҳи олии Тоҷикистону Чин дар соли ҷашнвораи биступанҷ солагии истиқрори робитаҳои дипломатии миёни ду давлат сурат мегирад.

Ҳангоме, ки Тоҷикистон ба неъмати бебаҳои истиқлолияти давлатӣ ноил шуд, Ҷумҳурии Мардумии Чин аз аввалинҳо шуда, ба роҳи мустақили интихобнамудаи рушди сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии мо эҳтиром гузошт ва онро эътироф кард.

Тоҷикистони муосир қисмати фаъоли низоми равобити байналмилалӣ буда, дар ҳама гӯшаю канори сайёра дӯстони зиёдро пайдо кардааст ва дар байни онҳо Ҷумҳурии Мардумии Чин мақоми хоссаро доро аст.

Дар кишвари мо Чинро дӯсти боэътимоду шарики самимӣ меҳисобанд ва мо аз пешрафту рушди устувори он изҳори хушнудӣ менамоем.

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати бузург дошта, дар равандҳои муосири сиёсат ва иқтисоди ҷаҳонӣ фаъолона ширкат меварзад ва дар таъмини суботу амнияти глобалӣ нақши созанда дорад.

Муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории мардумони мо анъанаҳои ғановатманди таърихӣ доранд ва аз даврони Роҳи абрешими бузург маншаъ мегиранд.

Агар мо ба таърихи муосири ин муносибот назар афканем, мебинем, ки онҳо аз ибтидо ба масири рушди рӯзафзун ворид гардида, имрӯз дар сатҳи шарикии стратегӣ қарор доранд.

Ҳамдастии ду кишвар айни замон сохтори такмилёфтаеро мемонад, ки ба заминаи мустаҳками сиёсиву иқтисодӣ такя намуда, густариши босуръати ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар ҳама арсаҳои ҳаёт таъмин мекунад.

Дар чунин шакл сурат гирифтани равобити байни ду кишвар ҷавобгуи манфиатҳои дарозмуддати милливу муштараки мо буда, ба таҳкими суботу амният ва рушди минтақа мусоидат мекунад.

Зиёда аз ин, он дурнамои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои фарохмиқёси моро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, амният ва чандин соҳаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муайян менамояд.

Бо тақвият ёфтани муносибатҳои гуногунҷанба ва шарикии стратегии Тоҷикистону Чин аҳаммияти робитаҳои фарҳангиву гуманитарии ду кишвар низ дучанд меафзояд.

Дӯстони гиромӣ!

Маълум аст, ки робитаҳои илмиву маърифатӣ ба инкишофи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рафоқати байни халқҳо мусоидати ҳамаҷониба менамоянд.

Дониш ва илм дар садаи бисту як мазмуну мундариҷаи хос пайдо намуда, ба неруи пешбарандаи ҳар як ҷомеа табдил ёфтаанд.

Бе ин ду наметавон ояндаро сохт.

Ин фикр, алалхусус дар замони мо, ки давраи ҷаҳонишавист, маънии амиқе касб мекунад.

Ба ин манзур таҳкими низоми илму маориф ва дар ин замина омода кардани насли ояндасози кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон эълон гардидааст.

Дар доираи чунин сиёсат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва таҳсилот, донишу ҷаҳонбинии донишҷӯён, бархӯрдор гардидани онҳо аз дастовардҳои илму техникаи муосир саъю талошҳои доимӣ ба харҷ медиҳад.

Вобаста ба ин мо ҳамеша кӯшиш менамоем, ки тамоми шароиту имконотро муҳайё созем, то ҷавонони мо тавонанд дар дохилу хориҷи кишвар таҳсилу касбомӯзӣ намуда, номбардори Ватанашон шаванд.

Дар ин росто мо ба тавсеаи робитаҳоямон бо Чин дар соҳаи маориф, таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем ва ҳамкориҳоямонро дар ин арса яке аз самтҳои муҳими  маҷмӯи муносибатҳои ду кишвар медонем.

Дар ин ҷо барои муқоиса мехоҳам як мисол биёрам.

Соли як ҳазору наваду чор аввалин ду донишҷӯйи Тоҷикистон барои омӯхтани забон вориди Чин гаштанд.

Ҳоло бошад, дар як саду дувоздаҳ донишгоҳи кишвар қариб се ҳазор ҷавонони мо бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар баробари ин “Маркази фарҳангиву таълимии Конфутсий” дар Тоҷикистон фаъолияти худро самарабахш ба роҳ мондааст.

Ҷониби Чин ҳамасола барои таҳсили ҷавонони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои худ бурсияҳои таълимӣ ҷудо карда, давраҳову семинарҳои кӯтоҳмӯҳлати таълимӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии мутаххассисони соҳаҳои гуногунро ташкил мекунад.

Мо чунин иқдомҳои хайрхоҳонаи дӯстони чиниамонро баланд арзёбӣ менамоем ва хоҳони идомаву тавсеаи робитаҳоямон дар соҳаи маориф ҳастем.

Ман хурсандам, ки сол аз сол теъдоди ҳарчи зиёдтари донишҷӯёни тоҷик ба ин ҷо, ба Чин барои омӯхтани забони Конфутсий ва забони Дэн Сяопин омада, дар беҳтарин донишкадаву донишгоҳҳои олии Чин таҳсил доранд, илму маърифат ва касбҳои муосирро аз худ менамоянд.

Мутмаинам, ки дипломи донишгоҳҳои Чин ба ҷавонони мо дарвозаеро барои оянда боз хоҳад кард.

Дар робита ба ин мехоҳам бо чанд нуктаи мушаххас ба ҳамватанони худ – донишҷуёни таълимгоҳҳои кишвари ба мо дӯсту хайрхоҳи Чин, ки дар ин толор ҳузур доранд, муроҷиат намоям.

Нахуст мехостам ҳамаи шумоёнро, ҳамватанони азиз, бо Рӯзи дониш, ки ҳамасола якуми сентябр дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, табрику муборакбодӣ намоям.

Умеду ормонҳои мо аз шумо — насли наврасу соҳибмаърифат, бузурганд.

Бо истифода аз беҳтарин имкониятҳои бароятон фароҳам овардашуда тамоми нозукиҳои касбу ихтисосҳои интихобкардаатонро аз худ намоед.

Ба ин муносибат мехоҳам як зарбулмасали чиниро ба ёд орам, ки мегӯяд: “Аз хоб дер хестӣ, рӯзатро бохтӣ, дар ҷавонӣ илму дониш аз бар накардӣ, ҳаётатро бохтӣ”.

Дар такя ба андӯхтаҳои маънавию ахлоқии ниёгони бузургамон, ки дар таърихи илму фарҳанг ва тамуддуни ҷаҳонӣ чун офарандагони сарватҳои бузурги маънавиву моддӣ эътироф шудаанд, доираи ҷаҳонбинии худро васеъ гардонед, забон ва фарҳангу маданияти волои мардуми Чинро барои истифода дар ҳаёт ва фаъолияти минбаъдаатон амиқ омӯзед.

Мо умедворем, ки шумо ба Ватан бо донишу малакаи баланди касбӣ баргашта, ба манфиати ҷомеа хизмати самараноку арзанда хоҳед кард.

Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки ояндаи Тоҷикистон дар дасти шумо — ҷавонон — мутахассисони соҳибилму дорои малакаи баланди касбӣ аст.

Дар хотимаи сухани худ бори дигар ба ҳайати Донишгоҳи Синхуа барои истиқболи гарм ва ҳусни меҳмоннавозӣ ибрози сипос менамоям.

Ба ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ, сиҳатмандии комил, хотири ҷамъ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзумандам!

Ҳамеша сарбаланду пирӯз бошед!

Сентябрь 1, 2017 06:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои нави Кумитаи андоз санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдардии Пешвои миллат бинобар даргузашти Низорамо Зарипова
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид