ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 24 сентябр, якшанбе, 267-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 98 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Сентябрь 24, 2017 08:01

 

Тақвими моро ҳар рӯз дар ин гӯша 

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

24 сентябри соли 2009 дар ИМА миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамватанони бурунмарзие, ки дар Америка кору зиндагӣ мекунанд, суҳбати озод баргузор гардида буд.

***

7 сол пеш, 24 сентябри соли 2010 дар шаҳри Ню-Йорк Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Афғонистон Ричард Ҳолбрук, Сарвазири Япония Наото Кан ва Сарвазири Тайиланд Абхист Веджаджи мулоқот анҷом дода буданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2004  дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия нависандаи тоҷик Темур Зулфиқоров бо ҷоизаи адабиёти Россия «Марғзори равшан» сарфароз гардонида шуд.

 

24 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Тоҷикистон – Рӯзи мошинсозон.

***

Рӯзи байналмилалии ношунавоён.

***

Дар Камбоҷа – Рӯзи Конститутсия.

РӮЙДОДҲО:

24 сентябри соли 2009 дар пойтахти Молдова – шаҳри Кишинев Форуми 4-уми эҷодӣ ва илмии зиёиёни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардида буд.

***

24 сентябри соли 1923 маҷмааи табъу нашри «Московская правда» таъсис дода шудааст.

***

69 сол муқаддам, 24 сентябри соли 1948 ширкати «Хонда мотор» («Honda Motor Co») таъсис ёфта буд.

***

Дар ин рӯзи соли 1968 Свазиленд ба узвияти СММ қабул карда шуд.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1953 дар Ҳолливуд аввалин филми манзаравӣ ба намоиш гузошта шуд.

***

Соли 1998 дар Франсия аввалин маротиба ҷарроҳии ба як нафар насб кардани дасти нафари дигар анҷом дода шудааст.

Сентябрь 24, 2017 08:01

Хабарҳои дигари ин бахш